• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХӢ ДАР ОСОРХОНАИ УСТОД АЙНӢ

90.jpg - 127.85 KbСардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ шоир, нависанда, омӯзгор, рӯзноманигор, мутафаккир ва олими барҷастаи тоҷик буда, бо эҷоди асарҳои мондагори хеш дар пешрафту инкишофи адабиёти садаи XIX ва XX ва ҳамзамон муаррифии халқи тоҷик дар миқёси ҷаҳон саҳми арзандае гузоштааст.

Бо ин мақсади мо, як гурӯҳ донишҷӯёни курси 1-уми факултети филологияи тоҷик зери роҳбарии устоди бисёр ҳалиму меҳрубон, Ҷамшед Валиев тасмим гирифтем, ки аз ҳаёту фаъолияти устод Айнӣ аз наздик шинос шавем ва рӯзгори гузаштаи ин адиби бузургро бо чашми хеш бубинем. Ба ин мақсад 28-уми феврали соли ҷорӣ ба осорхонаи устод Айнӣ рафтем. Моро дар он ҷо директори осорхона Шердил Каримов пешвоз гирифта, роҳбаладӣ намуд. Бинобар гуфтаҳои ӯ осорхонаи адиб  ҳамон хонаест, ки устод Садриддин Айнӣ тули се сол аз солҳои 1951 то 1954 бо ҳамроҳии оила ва фарзандонаш умр ба сар бурдааст. Ин осорхона бошад пас аз вафоти устод бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 1978 бахшида ба 100 солагии зодрӯзи ӯ сохта ба истифода дода шудааст.

Вақте ба осорхона ворид мешавӣ дар пеши чашм тамоман як дунёи дигар аён мешавад. Осорхона имрӯзҳо як макони илму адабро мемонад, ки зебоиҳои дохили онро ҷое надида будам. Аз гуфтаҳои корманди он маълум шуд, ки осорхона аз чор толор ва бойгониву маҷлисгоҳ иборат буда, ҳар яке тартиб ва вазифаи хешро дорад. Толорҳои он ба давраҳо тақсим шуда, давраҳои муайяни зиндагонии устодро дар бар мегирад. Масалан, толори якум ҳаёту рӯзгори устод аз рӯзи ба дунё омадан то арафаи инқилоби Бухороро дар шаҳри Бухоро ва толори дуюм ҳаёти баъд аз инқилобӣ дар шаҳри Самарқанд, толори сеюм рӯзгори се солаи устод дар шаҳри Душанбе (пешина Сталинобод) ва ниҳоят толори чорум бошад китобхона номгузорӣ шуда, дар он ҷо осори худи устод, ки бо 30 забони дунё тарҷума шудааст, ва он асарҳои адибоне, ки ҳаёту эҷодиёти устодро таҷассум кардаанд нигоҳ дошта мешавад.

Ростӣ, дар ҳар толори осорхона таърихи зиндаи миллатро дидан мумкин аст. Дар толорҳо бо тамошои аксҳои таърихӣ, мусаввараҳо ва ба хусус экспонадҳои муҳиме, ки аз худи устод ба мерос мондааст, маро дар ҳайрат гузошт. Аз ҳама бештар диққати маро он қаламдоне, ки падарашон Саидмуродхоҷа дар синни шаш солагиашон тӯҳфа намудааст ҷалб намуд.  Устод то вақти дар ҳаёт буданашон онро бо хеш нигоҳдорӣ намуданд, ки имрӯз яке аз муҳимтарин экспонад дар осорхона ба ҳисоб меравад. Вақте ба толори дуюм ворид шудем диққати моро бештар он мизу курсиҳои зебое, ки бо дасти маъруфтарин устоҳои Миср сохта шудаву ба устод ҳангоми аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон буданаш ҳадя шудааст, ҷалб намуд. Боз дар ҳар толори он мо бо чашми худ ашёҳои шахсӣ ва либосвориву дастхатҳои устодро аз наздик тамошо намудем.

Ростӣ, бо тамошои осорхона мо бисёр хурсанд шудем ва маълумотҳои зиёдеро фаҳмидем. Барои ин пеш аз ҳама ба устодамон Ҷамшед Валиев изҳори сипос менамоям, ки моро ба ин макони муқаддас оварду дар саҳифаи ҳаёти мо як рӯзи таърихиеро боз намуд. Қобили зикр аст, ки тамошои чунин мавзеъҳои таърихӣ дар қалби мо ҷавонон ҳисси ватандӯстиву хештаншиносиро бедор намуда, барои пос доштани гузаштагонамон ба хусус устод Айнӣ, ки умри хешро сарфи хизмат дар тарбияи мо одамизодагон равона сохтаву шоҳасарҳои мондагореро рӯи кор овардааст ба ёд меорад. Мо он рӯзи таърихиро асло фаромӯш намесозаму онро ба таърих месупорем. Аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки аз чунин мавзеъҳои таърихӣ дидан намоянду аз таърихи гузаштаи хеш огоҳ шаванд, зеро имрӯзро бе дирӯз сохта намешавад. Дар охир ба ҷавонон аз забони Мавлонои бузург гуфтанием, ки “Эй бандагони тан ба тамошои ҷон равед”.

Донишҷӯёни соли якуми

факултети филологияи

тоҷик, гурӯҳи “Б”

87.jpg - 125.04 Kb 88.jpg - 142.74 Kb 89.jpg - 64.17 Kb 91.jpg - 98.28 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj