• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

МИЗИ МУДАВВАР БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАРОН

98.JPG - 228.15 KbИмрӯз 02.02.2020 дар толори шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки ректори донишгоҳ Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода., муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур., муовини ректор оид ба илм Мирзораҳимов Акобир., ва занону донишҷӯйдухтарони фаъоли донишгоҳ мизи мудаввар, ки бахшида ба Рӯзи Модар дар мавзӯъи «Нақши занону духтарон дар ҷомеаи имрӯза»   баргузор  гардид.

Сухани ифтиттоҳиро ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ муҳтарам Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода кушода эълон намуда, зимни суханронӣ худ ҳамаи занону бонувони донишгоҳро ба иди баҳору зебой табрику таҳният намуда дар кору фаъолияти минбаъдашон барору комёбиҳои назаррасро орзу намуданд.

Сипас муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур дар мавзӯъи «Нақш ва мавқеи занону ҷавондухтарон дар давлатсозии миллӣ» баромад намуданд. Зимни суханрони қайд намуданд, ки  Зан- модар офарандаи ҳаёту мамот, азизтарину қиматтарин шахс  дар олами ҳастӣ аст. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мегардонад.

Ҳамзамон раиси Шӯрои собиқадорони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Қосимова Раҷабмо Исмоиловна дар мавзӯъи  «Нақши занон дар рушди илми тоҷик», мудири кафедраи психалогияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавии Кенҷаева Зарина Хайруллоевна дар мавзӯъи «Нақш ва арзиши зан дар ҷомеа», ҳамзамон мудири бахши кор бо духтарону занони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Саидова Гулхумор Зинатовна дар мавзӯъи «Нақши занону духтарон дар тарбияи ахлоқии  ҷомеа»  бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд,

Бо ду чашми хирабин нури куҳистон модарам.

Шӯълае аз оташи оташпарастон, модарам.

Мавҷи мӯҳои сафедат аз сафедии дил аст,

Бо ҳама пажмурдагӣ сомони бустон, модарам.

 

Фарзона Раҳмонова,

ассистенти кафедраи забонҳои шарқ

 

95.JPG - 161.90 Kb 93.JPG - 216.61 Kb 96.JPG - 216.33 Kb 94.JPG - 210.65 Kb

97.JPG - 179.65 Kb 98.JPG - 228.15 Kb 99.JPG - 190.61 Kb 100.JPG - 186.77 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj