• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ПИРӮЗӢ ВА ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

125.jpg - 433.66 KbСанаи 12 ва 13 – уми марти соли 2020 барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои математика, физика, астрономия, химия, геология, технологияҳои иттилоотӣ ва биология бахшида ба солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.

Дар олимпиадаи мазкур Донишҷӯёни донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Олимпидаи мазкур таҳти роҳбарии бевоситаи раёсати донишгоҳ қарор гирифта, сардори раёсати илм ва инноватсия Ҳакимов Раҷаб ва роҳбари дастаи олимпӣ Ҳомидов Бобоҷон ба ҳайси масъул сафарбар карда шуданд.

Боиси фараҳмандист, ки донишҷӯёни донишгоҳ аз як қатор фанҳо бо донишҳои хуби назариявии худ натиҷаҳои назаррас нишон дода, сазовори 2 ҷойи аввал 1 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюму 3 ҷойи ифтихорӣ гардида, “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба даст оварданд.

Сазовори ҷойҳои аввал Каримов Достон - донишҷӯи курси 3-юми факултети химия, аз рӯи ихтисоси химия ва Шарипов Содиқҷон - донишҷӯи курси 5-юми факултети биология, аз рӯи ихтисоси биология, ҷойи дуюм Балаҷонзода Сулаймон - донишҷӯи курси 5-юми факултети физика, аз рӯи ихтисоси астрономия, ҷойи сеюм Холов Комрон - донишҷӯи курси 5-юми факултети физика, аз рӯи ихтисоси физика ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ Саломов Фирӯз - донишҷӯи курси 3-юми факултети метематика, аз рӯи ихтисоси математика, Бобохонова Наргис - донишҷӯи курси 1-юми факултети география, аз рӯи ихтисоси геология, Саидов Умедҷон - донишҷӯи курси 2-юми факултети математика, аз рӯи ихтисоси технологияҳои иттилоотӣ бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз ва қадрдонӣ карда шуданд.

 

122.jpg - 273.58 Kb 121.jpg - 251.84 Kb 123.jpg - 281.88 Kb 124.jpg - 264.00 Kb

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj