• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

БОЗ ДАР МУЛКИ КУҲАН НАВРӮЗ ШУД!

136.jpg - 204.34 KbСанаи 20-уми марти соли 2020 бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ҷашни Наврӯз бо эҳёи суннату ойинҳои наврӯзӣ бо як сафои тоза истиқбол гирифта шуд.

Дар ҳамоиши мазкур Саломиён Муҳаммаддовуд - муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аскар Ҳаким - шоири халқии Тоҷикистон, Абдуллозода Умеда - муовини раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Расулзода Насимҷон - раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Содиқзода Розиқ - сармутахассиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Чорабиниро Нуъмонҷон Ғаффорӣ - ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик Наврӯз ба сифати ҷашни куҳани аҷдодӣ шинохта шудааст. Фаротар аз ин, он бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки на танҳо ба як қавм, як миллат, балки дар зиндагии маросимии қавмҳои мухталифи башарӣ ва дар маҷмӯъ, инсоният мақоми устувор дорад.

Бояд қайд намуд, ки халқи тамаддунофару куҳанбунёди мо, новобаста аз мушкилот ва рӯйдодҳои таърих, ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои нек, чун ҷашни Наврӯз талош варзида, онро тули солҳо ба ҷашни байналмилалӣ табдил дод.

Дар дунёи инсоният аз қадим то имрӯз ҷашну маросими зиёде мавриди таҷлил қарор мегиранд, ки хусусиёти қавмӣ, қабилавӣ, этникӣ ва динӣ дошта, бо ин ё он васила дар доираи фарҳанги қавмӣ ва динӣ маҳдуд мешаванд. Наврӯз аз ин қоида мустасност, чунки он аз дониш, хирад, фарҳанг ва меҳр сарчашма гирифта, бо ин ҷавҳарҳои шарифи инсонӣ азалан ва абадан пайванд аст ва он чӣ ки бо хирад ва меҳр иртибот дорад, ҳеҷ гоҳ кӯҳнашавӣ ва зудудагиро намепазирад, дар масири таърих ҳамора бо инсон ҳамқадаму ҳамқисмат мебошад.

Аскар Ҳаким - шоири халқии Тоҷикистон дар заминаи яке аз суннатҳои ин ҷашн, ки эътои туҳфаҳо ба ҳамдигар мебошад, китобҳои тозанашри худро ҳамчун ҳадяи наврӯзӣ ба ректори донишгоҳ тақдим намуд.

Дар қисмати фарҷомини ҳамоиш дастаи ҳунарии "Чеҳранамо"-и донишгоҳ чун ҳамеша бо таҳияи сурудҳо дар васфи Наврӯз, Тоҷикистон хотири ҳозиринро болида намуда, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.

 

 

132.jpg - 185.00 Kb 133.jpg - 204.25 Kb 134.jpg - 229.64 Kb 135.jpg - 214.29 Kb

136.jpg - 204.34 Kb 137.jpg - 260.71 Kb 138.jpg - 259.37 Kb 139.jpg - 259.64 Kb

140.jpg - 231.69 Kb 141.jpg - 207.06 Kb 142.jpg - 239.35 Kb 143.jpg - 226.32 Kb

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj