• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Ягона калиде, ки метавонад, дари

ҳамаи мушкилотҳоро кушояд-ин  забон аст

 

НАШРИ МАҶМӮАИ ИЛМӢ РОҶЕЪ БА ТАЪЛИМИ
ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

 

146.jpg - 284.27 KbСанаи 30-юми марти соли 2020, бо ташаббуси садорати факултаи забони англисӣ дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ бахшида ба 80-солагии таъсисёбии факултаи забонҳои хориҷӣ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ” доир гардид.

Ҳамоиши ҷумҳуриявиро Нуъмонҷон Ғаффорӣ - ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки масоили методии таълим, усулҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз масъалаҳои асосии ҷомеа буда, таъмини кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбидошта дар макотиби олии кишвар аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Мавсуф, ҳамзамон изҳор дошт, ки дар ин росто баргузории чунин конфронси сатҳи ҷумҳуриявӣ барои кушода намудани гиреҳи усулҳои таълими забонҳои хориҷӣ саривақтӣ мебошад, зеро барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ донишҳои назарӣ кофӣ набуда, аз усулҳои самарабахш ва нави замонавӣ бояд истифода кард.

Мирзораҳимов Акобир – муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои биологӣ зимни суханронӣ қайд намуд, ки бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат омода намоем.

Дар идома Алиев Сулаймон – доктори илмҳои филологӣ, профессор дар мавзӯи “Истифодаи методҳои самарабахш – шарти муҳимми рушди салоҳияти касбии донишҷӯён” ва Ҷоматов Самъддин – доктори илмҳои филологӣ, профессор дар мавзӯи “Усули калимасозии луғавӣ-семантикии истилоҳоти овошиносӣ (савтшиносӣ)-и забони тоҷикӣ ва муодили англисии онҳо” баромад намудаанд.

Дар конфронс зикр карда шуд, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон марбут бо дигаргуниҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ тағйироти сохту мазмуни таҳсилот, ки ба педагогикаи гуманистӣ нигаронида шудааст, сурат мегирад  ва ин ба ивазшавии асосҳои бунёдии таҳсилоти касбии омӯзгорӣ оварда расонида, ҳадафи асосӣ омода намудани донишҷӯён ба фаъолияти мустақилонаи касбӣ мебошад.

Маводи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар шакли маҷмӯа бо фарогирии 115 мақолоти пурмуҳтавои олимон ва унвонҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусрав, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки роҷеъ ба масъалаҳои мубрами методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои олии касбӣ мебошад, рӯи чоп омадааст.

 

146.jpg - 284.27 Kb 147.jpg - 297.17 Kb 153.jpg - 256.73 Kb149.jpg - 238.42 Kb 150.jpg - 365.50 Kb 151.jpg - 301.37 Kb 152.jpg - 326.82 Kb 145.jpg - 274.68 Kb 154.jpg - 352.45 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj