• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Маоши кормандон зиёд мешавад

Ҷаласаи истеҳсолиро, ки 30-юми октябр бо ширкати васеи омӯзгорону кормандон баргузор гардид, ректори донишгоҳ, академик Абдуҷаббор Раҳмонов ифтитоҳ намуд ва масоили баррасишавандаро тавзеҳ бахшид.

Сипас, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандон М.Бӯриев пиромуни фаъолияти 9-моҳаи кумита маълумоти муфассал ироа кард. Тавре ӯ иттилоъ дод, давоми соли ҷорӣ ба як қатор устодон

кӯмакҳои мухталиф расонида шуд. Дар ин росто аз ҳисоби буҷаи давлат 4490 сомонӣ ва аз суратҳисоби махсуси донишгоҳ 5615 ҳазор сомонӣ масраф гардид, ки дар маҷмӯъ 10105 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷониби кормандон 22 варақаи корношоямӣ пешниҳод шуд.

 

 

Дар идома М.Бӯриев дар хусуси дигар кӯмакпӯлиҳою дастгириҳо сухан ронда, бо таассуф изҳор дошт, ки давоми имсол ягон нафар муаллим барои гирифтани мукофоти давлатӣ пешниҳод нагардиданд. Бинобар ин, аз деканони факултаҳо ва дигар роҳбарони сохторҳо даъват ба амал овард, ки ҳуҷҷатҳои устодони арзандаро барои соҳиб шудан ба мукофот манзур созанд.

Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандон, ҳамзамон, оид ба ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотдиҳии муаллимон маълумоти мушаххас ироа кард. Дар такя бар қавли ӯ, 9 нафар огоҳии қатъӣ, 6 нафар сарзаниш ва маоши як зумра масъулин бинобар сабаби сари вақт иҷро накардани супоришҳо ба фоизҳои мухталиф ҳамчун муҷозот кам карда шуданд. Ҳамчунин, доир ба масоили дарсшиканӣ, интизоми корӣ ва дарсгурезии донишҷӯён маълумот баён гардид.

Нуктаи муҳими аз ҷониби М.Бӯриев зикршуда ин аст, ки муддати мадидест дар қуттиҳои арзу шикоят, ки дар факултаҳо ва дигар биноҳои мутааллиқи донишгоҳ насб шудаанд, ягон шикоят ворид нашудааст.

Дар идомаи ҷаласа ректор А.Раҳмонов дар хусуси Оиннома ва Низомномаи донишгоҳ, ки ба тозагӣ ба тасвиб расиданд, сухан гуфт. Мавсуф садоратҳои факултаҳо ва дигар масъулинро муваззаф намуд, ки дар якҷоягӣ бо кормандонашон ин ду санади заруриро мавриди муҳокима қарор диҳанд ва аз ин ҷиҳат ба раёсат маълумотномаи ирсол доранд.

Чуноне сарвари таълимгоҳ таъкид дошт, ин ду ҳуҷҷати асосӣ солиёни зиёд номукаммал буд ва аз ин рӯ, дар фаъолияти сохторҳо як навъ бенизомӣ ба миён омада буд. Раёсати донишгоҳ барои ба замона мутобиқ намудани ҳам Оиннома ва ҳам Низомнома бештар аз ду сол кор кард ва пас аз он чор моҳ дар Вазорати маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ниҳоят, тасдиқ шуданд. Ин ду санадро бояд ҳар декан, мудири кафедра, омӯзгор ва роҳбару корманди сохторҳо дар рӯи мизашон дошта бошанд.

Дар такя бар қавли ректор, ҳуқуқҳо, уҳдадориҳо ва вазифаҳои кулли аҳли донишгоҳ дар ин аснод дарҷ ёфтаанд. Тамоми ҳуҷҷатҳои то имрӯз амалкунанда бояд дар кӯтоҳтарин муддат ба Оинномаю Низомномаи ҷадид мутобиқ гардонида шаванд ва дар ҷаласаи Шӯрои олимон тасдиқ гарданд. Агар ҳамагон бандҳо ин ду ҳуҷҷати асосиро риоя кунем, сатҳ ва сифати кор тағйир ёфта, рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Дар идомаи ҷаласа сарвари таълимгоҳ пиромуни иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба ташрифи Президенти мамлакат дар Рӯзи дониш изҳори андеша кард. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки сифати таълим ба талабот ҷавобгӯ нест, иддае аз омӯзгорон бе омодагӣ ба дарс медароянд. Аз ин хотир, назоратро аз рӯӣ дарсҳои лексионӣ, амалӣ ва ғайра боз ҳам тақвият бояд бахшид.

А.Раҳмонов бо нигаронӣ изҳор дошт, ки кафедраҳои метдикаи таълим танбал ҳастанд ва барои исбот тазаккур дод, ки аз оғози моҳи сентябр то имрӯз аз ҷониби онҳо ягон пешниҳоде ирсол нашудааст.

Ректор, инчунин, аз вазъи фаъолияти лабораторияҳо интиқод намуд. Бинобар қавли ӯ, аз ин маконҳо ками дар кам истифода мешавад. Ҳол он ки маводи зиёде барои озмоиш солҳост, ки дар таҳхонаҳо бекор хобидаанд. Сарвари таълимгоҳ, ҳамзамон, бо таассуф иброз дошт, ки асбобҳо, техологияҳои компютерӣ ва дигар воситаҳои аёнии бешумор дар таҳхонаҳо партофта шудаанд, ки ҳеҷ омӯзгоре аз онҳо истифода наменамояд.

А.Раҳмонов дар идомаи сухан доир ба дарсшикании муаллимон ва дарсгурезии донишҷӯён изҳори ақида кард. Мавсуф такъид намуд, ки то барои ин гуна аъмоли ношоиста муҷозот муқаррар нашавад, беҳтар шудани вазъият дар гумон аст. Бинобар ин, раёсати донишгоҳ тасмим гирифта, ки ашхоси дарсшикану дарсгурезро ҳамчун муҷозот ба пардохти маблағи муайян водор намояд. Дар ин росто ҳатман низомнома таҳия хоҳад шуд.

Ректор, инчунин, мужда расонд, ки маоши кормандон ояндаи наздик баланд бардошта мешавад. Ӯ зикр кард, ки муддати ду моҳ боз дар якҷоягӣ бо муҳосибот чораҷӯӣ намуда, василаҳои зиёднамоии ҳаққи муаллимонро дарёфтанд. Алъон дар ин самт корҳо ҷараён доранд.

Дар фарҷоми ҷаласа кормандон суолҳо ва андешаҳои хешро ироа карданд.

Бахтиёри Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj