• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Ҳамоиши судманд дар хобгоҳ

29-уми октябри соли равон дар хобгоҳи №7-и донишгоҳ бахшида ба 20- солагии Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мақоми зан дар ҷомеаи соҳибистиқлол» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад Р.Қосимова, раиси Шӯрои занон, Т.Тошпулотова, муовини ӯ, Ш.Шарифӣ, раиси Шӯрои духтарон ва духтарони хобгоҳҳо ширкат варзиданд.

Р.Қосимова ҷамъомадро оғоз намуда, ҳамагонро ба 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, зикр кард, ки мақсад аз барпо намудани чунин чорабинӣ ташреҳи моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Инчунин, нақши занон дар рушди низоми маориф ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

 

Дар ҳамоиш донишҷӯён андешаҳои хешро озодона баён карданд ва ба суолҳояшон пиромуни ҷанбаҳои мухталифи қавонини кишвар посухҳои судманд гирифтанд.

Шаҳло Шарифӣ, донишҷӯи факултаи таърих

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj