• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ВАРЗИШ ГАРАВИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

49.JPG - 269.18 KbТаҳти ҳамин унвон, ба ифтихори ҷашни 90-солагии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва инчунин 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-уми январи соли 2021, соати 16:00 дар майдончаи варзишии донишгоҳ мусобиқаи футболи хурд то синни 35-сола баргузор гардид, ки дастаи футболбозони донишгоҳ бо дастаи футболбозони Колеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат намуданд. Дар бозии рафиқона, дастаи футболбозони донишгоҳ аз худ маҳорати хуби варзишӣ нишон дода, бо ҳисоби калони 8:3 рақиби худро шикаст доданд ва бо чунин натиҷа пирӯзӣ насиби дастаи фулболбозони донишгоҳ гардид.

Бояд зикр кард, ки дар баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷумла: - футбол, волейбол, баскетбол, шашка, шоҳмот, тениси рӯи миз ва варзиши сабук саҳми устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандии донишгоҳ Иззатов Аҳмад, Гадоев Маҳмадулло, Шамсиддинов Ҳигматулло, Султонов Комрон, Қосимов Иброҳим зери роҳбарии мудири кафедра профессор Намозов Тошқул хеле назаррас мебошад.

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj