• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

БОЗ ЯК САНҶИШИ ПУРАРЗИШ

53.JPG - 198.15 KbРӯзи 19-уми январи соли 2020 намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази экспертизаи санитарию эпидемитологӣ ва назорат дар соҳаи нақлиёту сарҳадот» ҷиҳати гузаронидани аттестатсия ба донишгоҳ ташриф оварданд. Тибқи шартнома миёни МД «МЭСЭННС» ва раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ доир ба ташкил ва дар амал татбиқ намудани кор оид ба таҳқиқоти таҷҳизотию лабораторӣ ва омилҳои муҳити истеҳсолӣ, инчунин раванди меҳнат ва арзёбии мутобиқати шароити кориро ба меъёрҳои гигиенӣ бояд аз тарафи муассисаи болозикр мавриди санҷиш қарор гирифта шавад. Бинобар ин, намояндагони МД «МЭСЭННС» аз лабораторияҳои факултетҳои химия, физика, нуқтаҳои қабули имтиҳонии маркази тестӣ, китобхона ва дигар биноҳои донишгоҳ дидан намуда, бо асбобҳои махсуси корӣ, намнокии нисбӣ, равшании табиӣ ва сунъӣ, газодинамика, мағалу садои сунъӣ, таҳлили омилҳои метереологӣ, муайян намудани фони радиатсионӣ, таҳлили кимиёвӣ ва бактериологии оби ошомиданӣ ва дигар талаботҳои меъёри гигиениро мавриди санҷиш қарор доданд. Бояд гуфт, ки дар донишгоҳ низ доир ба ин масъала гурӯҳи корӣ дар ҳайати 5 нафар таъсис дода шудааст, ки минбаъд ҳам чунин санҷиҳгузарониро идома хоҳанд дод.

 

 

53.JPG - 198.15 Kb 54.JPG - 193.44 Kb 55.JPG - 197.11 Kb 56.JPG - 164.01 Kb

57.JPG - 154.90 Kb 58.JPG - 198.39 Kb 59.JPG - 191.57 Kb 60.JPG - 211.88 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj