• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

РАМЗҲОИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

53.JPG - 199.99 KbИмрӯз, дар факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ дар мавзӯи «Рамзҳои давлатӣ – ифтихорӣ миллӣ» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ декани факултети химия н.и.х. Усмонов М.Б., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Иноятова Ш., кураторони гурӯҳҳои академӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Нахуст, Суруди миллӣ садо дода, ба чорабинии мазкур ҳусни оғоз бахшид. Сипас, донишҷӯён дар бораи рамзҳои давлатӣ шеъру сурудҳо, маъӯзаҳо ва саҳначаи ҳаҷвӣ баргузор намуданд. Ҳамчунин дар синфхона гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ороста шуда буд. Дар фарҷом декани факултет Усмонов М.Б. ба ин чорабинӣ баҳои баланд дода, қайд намуданд, ки новобаста аз курси як буданашон бо чунин омодагии пухта ин чорабиниро баргузор намуданд. Ва ҳамчунин ба куратори гурӯҳ Сафаров Б. барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинӣ «Раҳматнома» - и садорати факултет супорида шуд.

 

 

 

 

52.JPG - 166.31 Kb 53.JPG - 199.99 Kb 54.JPG - 167.32 Kb

55.JPG - 178.51 Kb 56.JPG - 185.72 Kb 57.JPG - 169.15 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj