• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

ТАҶЛИЛИ 580-СОЛАГИИ ЗОДРӮЗИ ШОИР МИР АЛИШЕР НАВОӢ

92.JPG - 262.95 Kb

Дӯстӣ ва рафоқати Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ намунаи барҷастаи дӯстӣ ва бародарӣ, меҳру муҳаббати байниҳамдигарии халқҳои “дӯсту-бародар”тоҷику ӯзбек мебошанд ва таъсири ин муносибат дар эҷодиёти адибони мазкур низ ба чашм мерасад. Бад-ин муносибат, рӯзи 9 феврали соли 2021 бахшида ба 580-солагии мавлуди шоир, сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Мир Алишер Навоӣ ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо гурӯҳи устодон, донишҷӯёни ихтисоси забон ва адабиёти  ӯзбек, ки дар факултети филологияи тоҷик таҳсил менамоянд, дар назди муҷассамаи Низомиддин Мир Алишер Навоӣ ба хотири пос доштани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек гулчамбар гузоштанд. Нахуст, роҳбарияти донишгоҳ ҳамаи ҳозиринро ба ин муносибат табрик намуда, изҳори он доштанд, ки ҳар боре сухан дар бораи дӯстиву бародарии миллатҳои тоҷику ӯзбек меравад, ҳатман ва беихтиёр рафоқату садоқати намояндагии фарзандони бузурги халқҳоямон Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ба ёд меояд.

Дар идома Раиси фонди Мир Алишер Навоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ф., дотсент Хидоров Раҷаб Гулматович зимни суханронии худ аз дӯстии ин ду адиби бузург ҳарф зада, ёдовар шуд, ки рӯзи 27-уми сентябри соли 2018, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро баҳри пойдории дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

 

93.JPG - 232.84 Kb 94.JPG - 197.71 Kb 95.JPG - 235.74 Kb 96.JPG - 262.38 Kb

97.JPG - 197.89 Kb 98.JPG - 262.27 Kb 99.JPG - 188.22 Kb 100.JPG - 215.65 Kb

101.JPG - 253.19 Kb 102.JPG - 263.86 Kb 103.JPG - 220.50 Kb 104.JPG - 263.34 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj