• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ТАҲҚИҚИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ЗАБОНҲОИ БУМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВРУПО

138.JPG - 157.06 KbТаҳти ҳамин унвон, рӯзи 13-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забошиносии факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақша-чорабиниҳо маҳфили “Забоншиноси ҷавон” бо иштироки меҳмони олиқадр, доктори илмҳои забоншиносии Донишгоҳи Упсалаи Шветсия  Ярослава Обртелова ва устодону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Маҳфилро декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона ҳусни оғоз бахшид. Сипас, мудири кафедраи мазкур н.и.ф., дотсент Мирбобоев Азиз суханронӣ намуда, доктор Ярослава Обртеловаро ба  ҳозирин муаррифӣ кард, ки ӯ яке аз муҳаққиқони хуби забонҳои бумии Тоҷикистон дар Аврупо мебошад. Дар идомаи маҳфил Ярослава Обртелова доир ба марказҳои забоншиносии Аврупо, ки ба омӯзиши забонҳои бумии Тоҷикистон машғуланд андешаронӣ намуд. Инчунин зикр кард, ки дар кишварҳои бузурги аврупоӣ: Олмон, Италия, Испания, Фаронса, Британия, Шветсия, Маҷористон, Булғористон, Лаҳистон пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои забоншиносӣ ба омӯзиши забонҳои эронӣ, аз ҷумла, забонҳои бумии Тоҷикистон, забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ низ машғуланд. Маврид ба ёдоварист, ки хонум О.Ярослава айни ҳол ба пажӯҳиши шеваву гуфторҳои забонҳои вахонӣ ва ишкошимӣ машғул мебошад.

 

 

 

Суратгузориш аз рафти баргузории маҳфил:

133.JPG - 156.43 Kb 134.JPG - 170.15 Kb 135.JPG - 181.05 Kb

136.JPG - 192.60 Kb 138.JPG - 157.06 Kb 137.JPG - 171.93 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj