• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ҒОЛИБИЯТИ КОРМАНДИ ДОНИШГОҲ

142.jpg - 93.76 Kb

Рӯзи 12 феврали соли 2021 дар толори Бонки миллии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳамзамон дар қисмати ҷамъбастии он ғолибони озмуни шаҳрии мақолаи беҳтарин  миёни ҷавонони аз синни 14 то 30-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, махсус ва олии касбии ҳудуди пойтахт дар мавзӯи “ПЕШВОИ МИЛЛАТ” бахшида ба ”Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон гардида буд, муайян гардида, ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин озмун мақолаи сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Давлатшоҳ Каримов сазовори ҷойи дуюм гардид. Дар маросими диплом ва ҷоизасупорӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирок намуданд.

 

 

 

Суратгузориш аз рафти баргузории ҷоизасупорӣ:

142.jpg - 93.76 Kb 139.jpg - 72.13 Kb 140.jpg - 71.60 Kb 141.jpg - 99.75 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj