• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

НАҚШИ ИЛМ ВА МАОРИФ ДАР ПЕШГИРИИ

ЗУҲУРОТИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

16.JPG - 204.67 KbДирӯз дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши илм ва маориф дар пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм” баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо ташаббуси кафедраҳои сиёсатшиносӣ, фалсафа ва фалсафаи фарҳанг доир гардида, дар он ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.б.  Акобир Мирзораҳимов, мудирони кафедраҳои  сиёсатшиносӣ, фалсафа, фалсафаи фарҳанг, педагогика, забони фаронсавӣ ва инчунин, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ ширкат варзиданд. Нахуст, ноиби ректор оид ба илм Акобир Мирзораҳимов ба конференсия ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба мудири кафедраи фалсафаи фарҳанг н.и.ф., дотсент Зикирзода Ҳ. дод. Мавсуф дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизми динӣ падидаҳои хатарноки ҷомеаи инсонӣ” баромад намуда, аз нооромиҳои ҷаҳони муосир, дасисаҳои ҷангҷӯёни кишварҳои ҷангзада намунаоварӣ намуд. Сипас, сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ н.и.с., дотсент Ҳакимов Р. дар мавзӯи “Муҳоҷират ва таъсири он дар тақвияти ифротгароӣ ва терроризм” маърӯза намуд. Дар идомаи конференсия мудири кафедраи сиёсатшиносӣ н.и.с., дотсент Бедилов Ҳ. дар мавзӯи “Илму маърифат асоси муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм”, мудири кафедраи забони фаронсавӣ н.и.ф., дотсент Султонзода С. дар мавзӯи “Ҳамкории Тоҷикистон ва созмонҳову ташкилотҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм”, мудири кафедраи фалсафа н.и.ф., дотсент Бердиев Ш. дар мавзӯи “Илм ва ҷаҳонбинии илмӣ алорағми ифротгароӣ ва терроризм”, мудири кафедраи педагогика н.и.п., дотсент Наимов З. дар мавзӯи “Норасоиҳои тарбиявӣ ҳамчун омили пайдоиши рафтори ифротгароӣ-террористӣ” ва омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ Сангов Ш. дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм набудани таърифи ягона ва татбиқи стандарти дугона” баромад намуданд. Интиҳои  конференсия аз бахши саволу ҷавобҳои мубраму судманд иборат буд, ки барои иштирокдорони насли наврас писанду хотирмон гардид.

 

 

16.JPG - 204.67 Kb 15.JPG - 209.06 Kb 19.JPG - 182.37 Kb 20.JPG - 100.90 Kb 17.JPG - 194.45 Kb 21.JPG - 189.14 Kb 22.JPG - 175.54 Kb 23.JPG - 198.05 Kb 18.JPG - 184.21 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj