• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР

ФАКУЛТЕТИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ВА ИБТИДОӢ

 

52.JPG - 188.78 KbСанаи 23-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Дилшод Раҷабов, Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдураҳмонов Маъдӣ, декани факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ Мадатзода Манзура Тоҷиддин, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Давлатшоҳ Каримов ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдураҳмонов Маъдӣ зимни баромади худ иброз дошт, ки “Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат маҳсуб ёфта, дар рушду нумӯ, оромиву осудагӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар нақши созгор дорад”.

Дар идома донишҷӯёни факултет зери роҳбарии мудири кафедраи мусиқӣ Ҳафизов Темуралӣ барномаи фарҳангӣ иборат аз маърӯзаву шеъру суруд, таронаҳои ватандӯстона, саҳначаи ҳаҷвии тарбиявӣ, ки фарогири мавзӯъҳои ахлоқӣ, рақсҳои зебоӣ тоҷикона ва чинӣ (хитоӣ) пешниҳод намуданд, ки хеле гуворову хотирмон буд.

Ҷамъбасти  чорабинӣ бо қадрдонӣ намудани ғолибони мусобиқаи варзишии турниккашӣ, дастхобонӣ, ки байни донишҷӯписарони факултетҳо баргузор шуда буд, бо супоридани ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ анҷом ёфт.

 

 

 

51.JPG - 245.48 Kb 52.JPG - 188.78 Kb 53.JPG - 228.09 Kb

54.JPG - 204.63 Kb 55.JPG - 245.38 Kb 56.JPG - 160.05 Kb

57.JPG - 202.70 Kb 58.JPG - 201.30 Kb 59.JPG - 219.42 Kb

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj