• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУҚТАҲОИ ПАЁМИ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁН

1.jpg - 64.42 KbИмрӯз дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси банди махсуси нақша-чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ доир ба расонидани мӯҳтавои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии имрӯза Ато Мирхоҷа- муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Бузургмеҳри Тоҷиддин- шоири ҷавон, ҷоизадори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайалӣ Шаҳобов-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Амирҷон Иброҳимзода мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияиф Исмоили Сомонӣ, Ҳамроҳи Ҳамза мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Маъдӣ Абдураҳмонов мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Давлатшоҳ Каримов сармутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд. Вохӯриро Амирҷон Иброҳимзода ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба Ато Мирхоҷа муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дод. Ӯ чанд нукта роҷеъ ба Паёми Пешвои миллат ибрози андеша намуда, сипас, аз эҷодиёти худаш шеърҳо дар васфи ватан, ҷавонӣ, модар ба ҳозирин ироа намуд. Инчунин Бузургмеҳри Тоҷиддин шоири ҷавон аз эҷодиёти худ шеърҳои хуби ватандӯстиву ватанхоҳиро ба самъи ҳозирин расонид. Дар фарҷом аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба як қатор донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ сипосномаҳо супорида шуд.

 

 

1.jpg - 64.42 Kb 2.jpg - 67.38 Kb 3.jpg - 45.06 Kb 4.jpg - 44.62 Kb 5.jpg - 63.61 Kb 6.jpg - 59.26 Kb 7.jpg - 72.03 Kb 8.jpg - 68.05 Kb 9.jpg - 69.92 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj