• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ҲХДТ–ҲИМОЯТГАРИ ХАЛҚУ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН!

49.JPG - 188.56 Kb5-уми марти соли 2020 тибқи нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор” як қатор аъзоён ва кормандони ҲХДТ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд. Меҳмонон аз гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва ҳамчунин аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Боғи навбунёди “30-солагии Истиқлолият” ва аз иншооти ҷашнии донишгоҳ низ дидан намуданд. Гӯшаи ҳизбии Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор”, ки дар бинои наву замонавӣ ташкил гардидааст, таваҷҷӯҳи меҳмононро ба худ  ҷалб намуд. Зимни дидор аз гӯшаи ҳизбии “Омӯзгор” меҳмонон ба раиси Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор” Ғаффорӣ Н.У., муовини раиси Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор” Раҷабов Д. ва котиби Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор” Каримов Д. баҳои баланд доданд. Ҳамчунин дар доираи таҷлили Рӯзи бонувон аз тарафи Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор” ба меҳмонон-бонувон гулдаставу тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд ва дар назди гӯшаи Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор” чанд акси хотиравӣ гирифта шуд.

 

 

 

 

 

44.JPG - 190.15 Kb 45.JPG - 206.63 Kb 46.JPG - 215.87 Kb

47.JPG - 193.66 Kb 48.JPG - 205.07 Kb 49.JPG - 188.56 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj