• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

БОЗ ЯК МУВАФФАҚИЯТИ ДОНИШҶӮИ МО

16.jpg - 47.87 KbБо мақсади таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайрави аз иқдомоти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ва омӯхтани таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони “Авангард” – и Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҷавонони то синни 30 сола озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи шоҳасари “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров” баргузор гардид. Озмун санаи 23-юми марти соли 2021 баргузор гардида, иштирокчиён аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Аз 226 нафар иштирокчиёни озмун 14 нафар ба зинаҳои ифтихорӣ роҳ ёфта, беҳтарин донандагони шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғавуров интихоб шуданд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки магистри соли дуюми факултети таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Шарифов Фарҳод яке аз беҳтарин донандагони шоҳасари “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғавуров эътироф гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ намояндаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори РОПҲНҶ –и ВКД ҶТ, полковники милитсия, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” ва аъзоёни ҳакамон иштирок намуда, ғолибонро бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд. Дар фарҷом намояндаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори РОПҲНҶ –и ВКД ҶТ, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб барои иштироки фаъоли донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни мазкур аз номи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати донишгоҳро бо “Раҳматнома”-и ВКД ҶТ қадрдонӣ намуд.


 

 

18.jpg - 41.73 Kb 17.jpg - 42.76 Kb 16.jpg - 47.87 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj