• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

АЙНӢ НИЗ ДАР ИЛМ АФЛОТУНИ МОСТ

1.JPG - 271.16 KbНимаи дуюми рӯзи 15-уми апрели соли 2021, бо  иштироки ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода, муовини аввал,муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ н.и.ф., дотсент Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик дар пояи нимпайкараи устод Садриддин Айнӣ, ки дар саҳни бинои факултети мазкур ҷойгир мебошад, ба хотири гиромидошти 143-юмин солгарди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ гулчанбар гузошта шуд. Ҳангоми гузоштани гулчанбар ректори донишгоҳ аз фаъолиятҳои беназири анҷомдодаи устод Садриддин Айнӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки андар шинохтии хештаншиносиву ҳуввияти миллии мо тоҷикон саҳми ин абармарди таърихӣ хеле назаррас аст. Сипас, ректори донишгоҳ риштаи суханро ба муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ф., профессор Раҳматуллозода Сахидод дод. Мавсуф доир ба хизматҳои арзандаву шоёни Садриддин Айнӣ, алалхусус ҷиҳати таҳияи “Луғати нимтафсира”-и ӯ ва аҳамияти ин асари гаронарзиш ибрози назар намуд. Дар фарҷом декани факултет д.и.ф., профессор Рухшона Восиева оиди заҳматҳои кашидаи ин марди ҷаҳоншинохта суханронӣ намуда, ҳамагонро барои иштироку саҳмгузориашон дар ин чорабинӣ изҳори сипос намуд.

 

 

 

1.JPG - 271.16 Kb 2.JPG - 275.71 Kb 3.JPG - 294.79 Kb

4.JPG - 248.29 Kb 5.JPG - 229.05 Kb 6.JPG - 255.11 Kb

7.JPG - 231.92 Kb 8.JPG - 297.32 Kb 9.JPG - 235.05 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj