• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

«Илм фурӯғи маърифат»

12.JPG - 189.88 KbСанаи 14-уми апрели соли 2021 дар синфхонаи №12-и факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври аввали озмуни «Илм фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи “Физика- астрономия” баргузор гардид. Дар даври аввали озмун аз факултети физика 100-нафар, факултети математика 2-нафар, аз факултети технология ва соҳибкорӣ 7-нафар донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Нахуст, декани факултет дотсент У.С.Умаров ҳозиринро  барои иштирок дар озмун табрику таҳният гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки: Ҳамасола озмуни «Илм фурӯғи маърифат» аз фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида хоҳад шуд. Сипас дар рафти баргузории озмун ва ҳайати ҳакамонро муаррифӣ намуд, ки аз қабили олимон, устодони варзидаи факултет Б.А.Кодиров, О.Нозимов, А.Умаров,  Ҳ.Туйчиев, А.Мирзомамадов, А. Сафаралӣ, Ш .Бобохонова, М. Ғуломов  ва Ф.Мирзозода  буданд. Шартҳои озмун пурсиши шифоҳӣ, таҷрибагузаронии лобораторӣ ва ҳалли масъалаҳо аз фнни физика баргузор мегардад. Дар ҷамъбасти озмун ғолибон ба даври навбатӣ роҳхат меёбанд.

 

 

 

 

12.JPG - 189.88 Kb 11.JPG - 159.69 Kb 13.JPG - 198.25 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj