• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

ОЗМУНИ “ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ИДОМА ДОРАД

7.JPG - 178.53 Kb19 апрели соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади амалисозии дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” байни донишҷӯёни факултетҳои географияву биология баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёни факултетҳои зикршуда,  аз худ маҳорати хубу ҳозирҷавобӣ нишон дода, ба саволҳои устодон ҷавобҳои қанеъкунанда доданд.

Маврид ба зикр аст, ки ин озмун дар байни дигар факуттетҳои донишгоҳ  идома дошта, санаи 20.04.2021 дар бахшҳои химия, физика ва астрономия ва санаи 21.04.2021 бошад, дар бахши технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва инчунин математика баргузор мегардад. Бо чунин мақсад ба диққати донишҷӯёни равияи ихтисосҳои мазкур мерасонем, ки дар санаҳои муқараршуда дар озмун ширкат варзанд.

 

 


Суратгузориш аз рафти баргузории озмун:

1.JPG - 172.50 Kb 2.JPG - 112.38 Kb 3.JPG - 194.91 Kb

4.JPG - 114.20 Kb 5.JPG - 159.36 Kb 6.JPG - 113.11 Kb

7.JPG - 178.53 Kb 8.JPG - 180.04 Kb 9.JPG - 113.21 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj