• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Стипендияи Шӯрои Ҳиндустон оид ба робитаҳои фарҳангӣ (ICCR)

барои таҳсил дар Ҳиндустон (2021-2022)

ЭЪЛОН

Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе бо хушнудӣ барномаи стипендияи Шӯрои Ҳиндустонро оид ба робитаҳои фарҳангӣ (ICCR) барои солҳои таҳсили 2021-2020 дар ин кишвар ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои гуногун дар зинаи бакалавр, магистратура ва докторантура  ва дигар соҳаҳо, ба ҷуз тибб, дорусозӣ ва мӯд эълон менамояд. Барои соли хониши 2021-2022 ҳамагӣ 25 бурсия пешниҳод карда мешавад, ки аз онҳо, танҳо 15 бурсия бо чиптаҳои ҳавопаймоии бозгашт вобаста ба шароити иқтисодии номзадҳо таъмин мегардад.

Номзадҳое, ки хоҳиши иштирок кардан дар барномаи (ICCR)-ро доранд, барои гирифтани маълумоти бештар метавонанд, ба URL:http://a2ascholarships.iccr.gov.in ворид шаванд. Донишҷӯёни муҳтарам, лутфан пунктҳои зеринро ба инобат гиред.

А) номзадҳое, ки сину солашон аз 18 то 30 мебошанд, метавонанд дар барнома ширкат варзанд.

Б) номзадҳое, ки дар курсҳои “BE” / “B.Tech” таҳсил кардан мехоҳанд, бояд курсҳои физика, математика ва химияро дар синфҳои 10, 11-и мактаб аз худ карда бошанд.

В) Донишҷӯён дар кишвари Ҳиндустон бояд дар хобгоҳҳо бимонанд. Барои сабабҳои оилавӣ, саломатӣ, инчунин берун аз шаҳраки донишҷӯӣ истиқомат кардан ҳеҷ истисное вуҷуд нахоҳад дошт.

Г) Довталабон имкони ба панҷ донишгоҳ, донишкада мувофиқи тартиби афзалиятҳояшон муроҷиат карда метавонанд.

Д) Барои муайян кардани сатҳи дониши забони хориҷӣ, англисӣ довталабон, иншои дорои 500 калима бо забони англисӣ ҷорӣ карда шудааст. Ғайр аз он, донишҷӯён инчунин метавонанд, холҳои TOFEL / IELTS ва ғайраашонро пешниҳод кунанд, агар он ҳатмӣ набошад.

Ғ) Варақаҳои баҳоҳо барои ҳар як сатҳи мактабҳо 10 ва 10 +2 бояд ба забони англисӣ тарҷума карда шаванд. Агар ҳуҷҷатҳои аслӣ бо забони англисӣ набошанд, дархост бе тарҷумаи шакли англисии ҳуҷҷат баррасӣ карда намешавад.

3. Ҳамаи номзадҳое, ки ба барномаи бурсия муроҷиат кардан мехоҳанд, вазифадоранд, ки рӯзи шанбе, 24 апрели соли 2021, соати 10:00 дар Маркази фарҳангии Swami Vivekanada, сафорати Ҳиндустон, 45, кӯчаи Бухоро шаҳри Душанбе бо шиноснома ба имтиҳони забони англисӣ ҳоҳир шаванд.

Барои сабти ном барои имтиҳон тавассути почтаи электронӣ ба мо бо суроғаи электоронии Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript муроҷиат намоед. Дар сурати ягон нофаҳмоӣ шумо метавонед, ба Мақсуд Шодиев дар тамос шавед.

Мобил: +992 937909041

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj