• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ГАР САРИ ИЛМ ТО СУРАЙЁ РАФТ, ДОМОНАШ МАРОСТ

1.JPG - 154.49 KbИмрӯз, 20.04.2021 дар  факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик”  бо ибтикори мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик н.и.ф., дотсент Ҳамза Боқиев конференсияи илмӣ баргузор гардид Дар конференсия  ҳайати устодони кафедра ва донишҷӯёни ин боргоҳи таълимӣ  ширкат доштанд. Нахуст  мудири ин кафедра баромад намуда, бо тавъам омадани ҳафтаи илм бо зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ба конференсияи мазкур ҳусни оғоз бахшид, инчунин таъкид намуд, ки сараввал бояд 5 маърӯзаи донишҷӯёни ин факултет шунида шавад. Мавриди зикри хос аст, ки донишҷӯён доир ба масъалаҳои мубрами самти таълими хеш маърӯзахонӣ намудаву пас аз анҷоми ҳар маърӯза  саволу ҷавобҳо намуданд. Дар идома аз тарафи омӯзгорони ҷавон Довуд Бердиёров дар мавзӯи “Таҷассуми чанд воқеият дар шеъри Лоиқ Шералӣ”, Баҳодур Каримов дар мавзӯи “Тасвири баҳор дар “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно (дар мисоли дафтари аввал)”, Шаҳнозаи Ниёзбоқӣ пиромуни “Хусусияти корбурди имконоти услубии мутазодҳо дар романи “Занони сабзбаҳор”-и Гулрухсор Сафиева”, Аюбзода Мижгона “Бозтоби чеҳраҳои таърихӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ”  пешкаши ҳозирин гардид. Дар фарҷом устодони соҳибтаҷрибаи кафедраи мазкур н.и.ф. Равшани Ҳамро, н.и.ф., дотсент, докторант Ғаффоров Абдушукур ва  муаллими калон Қаландарова Дунёзода маърӯзахониву андешарониҳо шуд. Донишҷӯёни ин факултет аз баргузории чунин конференсияи илмӣ изҳори қаноатмандӣ намуда,  ҷиҳати зуд-зуд баргзории он дар факултет даъват ба амал оварданд.

Суратгузориш аз рафти он:

 

1.JPG - 154.49 Kb 2.JPG - 184.42 Kb 3.JPG - 155.41 Kb 4.JPG - 146.05 Kb

5.JPG - 129.27 Kb 6.JPG - 132.73 Kb 7.JPG - 139.13 Kb 8.JPG - 168.63 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj