• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

ДОНИШГОҲ ДАР ҚАТОРИ БЕҲТАРИНҲО

2.jpg - 100.20 KbДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон яке аз нахустдонишгоҳҳои олии кишвар ба ҳисоб рафта, дар омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ саҳми хеле назаррас дорад. Аз рӯи меъёрҳои қоидаҳои муайянсозии рейтинги МТОК-и ҶТ донишгоҳи мазкур аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ эътироф карда шуд. Санаи 20-уми апрели соли 2021 барои дохил шудан ба ин даҳгона ба раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ “Сипоснома”-и агентии мазкур супорида шуд, ки ин ҳам барои кулли кормандони ин боргоҳи маънӣ боиси ифтихор хоҳад буд. Сипосномаро намояндаи агентии болозикршуда дар як чорабинии расмӣ ҷиҳати расонидан ба ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода ба муовини аввали ректор оид ба корҳои таълимӣ н.и.ф., гуфторшинос, дотсент Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович тақдим карда буд. Сипас дар маҷлиси ғайринавбатии аъзои раёсати донишгоҳ ин “Сипоснома” аз ҷониби муовини аввали ректор ба сарвари донишгоҳ тақдим гардид.

 

 

1.jpg - 100.96 Kb 2.jpg - 100.20 Kb 3.jpg - 89.72 Kb 4.jpg - 91.85 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj