• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

БОЗДИДИ АЪЗОИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ АЗ РАФТИ

БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНОТИ СЕССИЯИ ТОБИСТОНА

1.JPG - 174.51 KbИмрӯз, 26-уми апрели соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тибқи ҷадвали баргузории сессияи имтиҳонии тобистонаи хатмкунандагони шакли таҳсили рӯзонаи соли таҳсили 2020-2021, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ тасдиқ гардида буд, раванди имтиҳонсупорӣ оғоз ёфт. Бо мақсади шаффофу бегазанд супоридани имтиҳоноти хатмкунандагони шакли таҳсили рӯзона, раёсати донишгоҳ, аз ҷумла, қисми таълим дар 3 нуқтаи марказҳои қабули имтиҳонӣ: МҚИ 1, МҚИ 2 ва МҚИ 3 омодагии техникиро бодарназардошти риояи вазъи беҳдоштӣ ба роҳ мондааст.

Бинобар ин, бо мақсади шинос шудан аз рафти имтиҳонот субҳи имрӯз ректори донишгоҳ  д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон  Усмонзода бо ҳамроҳии муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълим н.и.ф., дотсент Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович ва сардори раёсати таълим н.и.т., дотсент Айнулозода Наҳтулло аз фазои имтиҳонсупории марказҳои имтиҳонӣ дидан намуда, ба донишҷӯён барои супоридани имтиҳоноташон барору комёбӣ таманно намуданд ва инчунин таъкид доштанд, ки раёсати донишгоҳ ҳамеша пуштибону ҷонибдори ҳуқуқу озодиҳои донишҷӯён мебошад.

Суратгузориш аз рафти он:

 

2.JPG - 204.18 Kb 3.JPG - 196.77 Kb 4.JPG - 191.19 Kb 5.JPG - 190.97 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj