• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ

ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

1.JPG - 250.24 KbСубҳи имрӯз дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода суханронӣ намуда, ба довталабон пеш аз ҳама, барору комёбӣ таманно намуд. Ҳамчунин зимни суханронӣ аз аъзоёни ҳакамон хоҳиш намуданд, ки ба донишу малакаи довталабон диққати ҷиддӣ дода, ба довталабон одилонаву  холисона баҳогузорӣ намоянд. Сипас, раиси ҳакамон профессор Рухшона Восиева баромад намуда, тарзи баргузории озмунро аз рӯи талаботи низомномаи он ба довталабон шарҳ дод. Дар озмуни мазкур аз ҳама факултетҳои донишгоҳ довталабон иштирок доштанд. Аъзоёни  ҳакамон тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз ҳисоби олимону профессорони донишгоҳ интихоб гардиданд. Раванди баргузории озмун бошад, аз ҷониби шабакаҳои телевизионӣ, сомонаҳои иҷтимоӣ ва нашрияи “Омӯзгори ҷавон”-и донишгоҳ сабт гардида истодааст.

 

 

 

Суратгузориш аз рафти баргузории озмун:

1.JPG - 250.24 Kb 2.JPG - 203.71 Kb 3.JPG - 204.73 Kb

4.JPG - 213.06 Kb 5.JPG - 204.51 Kb 6.JPG - 257.50 Kb

7.JPG - 181.07 Kb 8.JPG - 217.22 Kb 9.JPG - 287.59 Kb

10.JPG - 200.83 Kb 11.JPG - 235.23 Kb 12.JPG - 212.26 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj