• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР"

АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА НАТИҶАГИРӢ НАМУД

2.jpg - 101.31 KbСанаи 27-уми апрели соли 2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи дастуру супоришҳои Дастгоҳи Марказии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва барқияи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якуми соли 2021 баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода - раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, Ҷурахонзода Ҷумахон –муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҳомидзода Насимҷон - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Раҷабов Дилшод – муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, Давлатшо Каримов - котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” ва аъзоёни ташкилот иштирок доштанд.

Нахуст раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усммонзода меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” фаъолияти пурсамари худро дар асоси Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон инчунин зери сиёсати созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти болоии ҳизб ба роҳ монда, яке аз ташкилотҳои намунавӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳисоб меравад. Сипас муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ – Раҷабов Дилшод ҳисоботи семоҳаи ташкилотро ироа намуда, қайд кард, ки роҳбарияти ташкилот тавонист бо бурдани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ миқдори зиёди кормандон ва донишҷӯёни фаъолро ба сафи ҳизби пешоҳангони ҷомеа - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷалб намояд, ки дар маҷмуъ шумораи умумии аъзоён ба 1164 нафар расида, аз ин шумора бонувон 453 нафар ё 38,9 %, ҷавонон 582 нафар ё 50%-ро ташкил медиҳанд. Инчунин зикр карда шуд, ки дар доираи шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни умумиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” роҳандозӣ гардид, ки дар он нақшаҳои минбаъда байни сокинон ва аъзоёни ташкилот оммафаҳм гардонида шуд. Дар идома Ҷурахонзода Ҷумахон қайд намуд, ки мо бо кори созандаву арзанда, ҳамчун аъзои ҲХДТ дар тадбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавӣ саҳми муносиб гузорем.

Сипас, якчанд нафар фаъолони ташкилот ҷиҳати саҳми бесобиқа доштанашон дар корҳои таблиғотиву ташвиқотии ҳизб бо ифтихорнома ва сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар вазъияти тантанавӣ ба нафароне, ки нав ба сафи ҳизб қабул гардида буданд билетҳои ҳизбӣ супорида шуд. Дар фарҷом роҳбари даста ва донишҷӯдухтароне, ки дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди баскетбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт барои дарёфти ҷоми "Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" сазовори ҷойи сеюм гардида буданд бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

1.jpg - 45.71 Kb 2.jpg - 101.31 Kb 3.jpg - 113.33 Kb 4.jpg - 112.88 Kb

5.jpg - 99.19 Kb 6.jpg - 76.28 Kb 7.jpg - 22.61 Kb 8.jpg - 53.80 Kb

9.jpg - 109.52 Kb 10.jpg - 75.08 Kb 11.jpg - 70.73 Kb 12.jpg - 68.28 Kb

13.jpg - 49.54 Kb 14.jpg - 84.22 Kb 15.jpg - 84.22 Kb 16.jpg - 57.92 Kb

17.jpg - 60.31 Kb 18.jpg - 74.15 Kb 19.jpg - 66.40 Kb 20.jpg - 66.45 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj