• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

ФЕСТИВАЛИ ШАҲРИИ “САД   РАНГИ   ЧАКАН”

4.JPG - 352.80 Kb

Шоми 29-уми апрели соли 2021, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муассисаи давлатии фарҳангӣ-фароғатии амфитеатри “Аҳорун” фестивали шаҳрии “Сад ранги чакан” дар доираи эълон гардидани солҳои “2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки сохтору мақомот, омӯзгорон  ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои олӣ ва миёнаи ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид. Нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода бо суханронии пурмӯҳтаво ба фестивал ҳусни оғоз бахшид. Дар идома гурӯҳи гулдухтарони чаканпӯш чакандӯзиҳои мероси ниёкониамонро ба намоиш гузоштанд. Ҳамзамон, аз ҷониби сарояндагони маҳбуби кишвар рақсу сурудҳои зебое пешкаши ҳозирин гардид. Дар фарҷоми фестивал аз ҷониби мақомот ба як қатор кормандону омӯзгорони фаъол аз ҳисоби бонувон, ки дар таълиму тарбияи насли наврас нақши назаррас доранд, бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Барои мо боиси ифтихор аст, ки дар қатори ин бонувон муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ, н.и.х., дотсент Мусоҷонзода Ҷамила шомил будаву  бо чунин диплом қадрдонӣ карда шуд.

 

Суратгузориш аз рафти фестивал:

1.JPG - 382.47 Kb 2.JPG - 307.85 Kb 3.JPG - 238.19 Kb 4.JPG - 352.80 Kb

5.JPG - 337.35 Kb 6.JPG - 307.37 Kb 7.JPG - 280.70 Kb 8.JPG - 294.65 Kb

9.JPG - 304.12 Kb 10.JPG - 248.41 Kb 11.JPG - 236.56 Kb 12.JPG - 299.16 Kb

13.JPG - 263.07 Kb 14.JPG - 256.45 Kb 15.JPG - 234.54 Kb 16.JPG - 245.88 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj