• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ТИБҚИ РОҲХАТ БА ҶОЙИ КОР ҲОЗИР МЕШАВАНД

1.JPG - 127.46 KbИмрӯз, 04.05.2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ оид ба масъалаи таъминоти кадрии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби хатмкунандагони соли таҳсили 2020-2021 ва тақсимоти мутахассони ҷавон баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У., муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳурзода Х., мутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода С., сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ Назаров Д., мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ Маҳмадаминов М., мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, директорони бархе аз муассисаҳои миёнаи умумӣ ва донишҷӯёну омӯзгорон ширкат варзиданд. Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. баромад намуда, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Мавсуф зимни суханронӣ қайд намуд, ки имсол 1116 нафар донишгоҳро хатм мекунанд. Аз шумораи зикргардида, 588 нафарашон шартномавӣ, 371 нафарашон буҷавӣ ва 157 нафарашон тариқи Квотаи Президентӣ таҳсил доранд. Сипас, муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зуҳурзода Х. суханронӣ намуда, қайд намуд, ки мутахассисони ҷавоне, ки гурӯҳҳои буҷавиро хатм менамоянд, бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода мешаванд. Доир ба шакл, тартиб ва ҷобаҷогузории хатмкунандагон бошад, мутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода С. баромад намуд. Дар идомаи чорабинӣ  мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ Маҳмадаминов М. баромад намуд. Зимни суханронӣ қайд намуд, ки ҳамасола тақсимоти пешакии хатмкунандагон мувофиқи нақшаи кории шуъба дар факултетҳои донишгоҳ гузаронида мешавад. Ҳамчунин дар идома сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҷумахон Самиев, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вилояти Хатлон Маърифат Навкарова, директори МТМУ-и №17-и ноҳияи Ёвон Дилафрӯз Сироҷиддиновна оид ба таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кор ва шароити хуби будубош суханронӣ намуданд.

 

Суратгузориш аз рафти чорабинии мазкур: 

 

1.JPG - 127.46 Kb 2.JPG - 205.86 Kb 3.JPG - 144.75 Kb

4.JPG - 178.76 Kb 5.JPG - 186.37 Kb 6.JPG - 134.95 Kb

7.JPG - 109.36 Kb 8.JPG - 180.66 Kb 9.JPG - 182.69 Kb

10.JPG - 114.00 Kb 11.JPG - 157.80 Kb 12.JPG - 162.17 Kb

13.JPG - 121.63 Kb 14.JPG - 171.60 Kb 15.JPG - 156.97 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj