• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

АЗ ҚАЛБҲО ЁДИ ШУМО ҲАРГИЗ НАХОҲАД РАФТ!

IMG_2205.JPG - 246.80 Kb8-юми майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи ғалаба раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати гиромидошти хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ маросими гулчамбаргузорӣ дар назди аксҳои омӯзгорони донишгоҳ, ки  иштирокчиёни ин муҳорибаи мудҳиш мебошанд, баргузор намуд.

Маросими гулчамбаргузориро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дар ҳамроҳӣ  бо  раиси  ташкилоти ибтидоии собиқадрони ҷангу меҳнати донишгоҳ Раҷабмоҳ Қосимова, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Саъдӣ Қосимов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ  Ҷамила Мусоҷонзода, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирз

ораҳимов, сардори раёсати таълим Наҳтулло Айнулозода, сардори раёсати тарбия Қобилҷон Иброҳимов ва иштирокчиёни ҷанги Афғонистон Майрамбӣ Сафарова ва Сангинмаҳмад Сатторов анҷом дода, дар ин маврид, аз нуктаҳои муҳими корнамоиҳои ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдрас намуданд.

Инчунин, пас аз маросими гулчамбаргузорӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба ин рӯзи таърихиву фаромӯшнашавандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз болои истилогарони фашистӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкурро ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, бо сарфарозӣ изҳор дошт, ки зиёда аз 300 ҳазор ҳамватанони мо дар ин ҷанги хонумонсӯз иштирок варзида, зиёда аз 100 ҳазорашон баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Ватани азизамон барнагаштанд ва дар роҳи дифоъ аз душман қаҳрамонона ҷон бохтанд. Ва анқариб 60 нафар дар ин ҷанги беамон бо корнамоиҳои беназири хеш ба унвони  олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ  қадр карда шуданд, ки ин боиси ифтихори миллати мо мебошад.

Мавсуф ҳамзамон дар такя ба суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд, ки “Рӯзи Ғалаба барои насли наврас ва ҷавонони имрӯза хело гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан аст”. Тасдиқи бориз ин аст, ки бо дастури Пешвои муаззами миллат нигоҳубин ва парастории собиқадорони Ҷангу меҳнат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо бар зимаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст ва пайваста таҳти ғамхориҳои Пешвои миллат мебошанд.

Дар идома иштирокчии ҷанги Афғонистон Майрамбӣ Сафарова маърӯза намуда, қайд намуд, ки 9–майи соли ҷорӣ аз анҷоми хунинтарин фоҷиаи башарият – Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ғалабаи халқҳои Шӯравӣ бар фашизм 76 сол сипарӣ мешавад ва ин ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла, халқи тоҷик бисёр муқаддасу таърихӣ мебошад ва имрӯз мардуми сулҳдӯсту сулҳпарвари Тоҷикистон  чун дигар мардуми сулҳхоҳи олам ин санаи таърихиро бо тантана ҷашн мегиранду хотироти ин фидоиёни миллату халқи азизро дубора зинда месозанд.

Маҳмадалӣ Буриев-раиси иттифоқи касабаи кормандону омӯзгорони донишгоҳ ба иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ва ҷанги сохти кониститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор фаъолият менамоянд, кӯмакпулии якдафъина ва бо ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳ, қадрдонӣ намуд.

Дар поёни чорабинӣ дастаи ҳунарии «Чеҳранамо»-и донишгоҳ, бо таҳияи барномаи рангини иборат аз сурудҳои дар васфи Ватан, аз ҷумла, суруди “Иди Зафар муборак”, “Ватан – ману туем”, “Ватан-Тоҷикистон”, “Дар ҳаваси рӯи ту”, “Попурӣ” ба қалбҳои тамошобинон фараҳ бахшид.

Сатторов Ҳабибулло

 

IMG_2174.JPG - 243.03 Kb IMG_2179.JPG - 233.71 Kb IMG_2192.JPG - 304.46 Kb

IMG_2199.JPG - 222.94 Kb IMG_2205.JPG - 246.80 Kb IMG_2214.JPG - 227.21 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj