• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ҶАЛАСАИ 2-ЮМИ РАЁСАТИ ТАЪЛИМ БАРГУЗОР ГАРДИД

1.JPG - 211.54 KbИмрӯз, 17.05.2021 дар аксар факултетҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тибқи ҷадвали баргузории аттестатсияи хатмкунандагони шакли таҳсили фосилавӣ дар соли таҳсили 2020-2021 имтиҳони  хатм баргузор гардида истодааст. Вобаста ба ин, раёсати таълим бо роҳбарии н.и.т., дотсент Айнулозода Наҳтулло ҷаласаи 2-юми кормандони самти таълимро баргузор намуд, дар ҷаласа доир ба масоили ҳуҷҷатгузорӣ, тадбиқи хонапурӣ намудани дафтарчаҳои имтиҳонии донишҷӯён, риояи хомӯши дар роҳравҳои факултетҳои имтиҳонсупоранда, инчунин сари вақт супоридану сари вақт қабул намудани варақаҳои имтиҳонӣ сухан рафт. Сардори раёсати таълим дастури муовини аввали ректор Қосимов Саъдӣ Абдулқодировичро, ки муҳтавои риояи низому тартиботи доимии дохилидонишгоҳӣ мебошад, ба самъи мутасаддиён расонид. Муовини сардори раёсати таълим Умедҷон Холиқов илова бар ин гуфтаҳо таъкид намуд, ки донишгоҳи мо дар самти қабул ва гузаронидани на танҳо аттестатсияи хатм, ҳатто қабули имтиҳоноти ҷориву аттестатсияи хатми шакли таҳсили анъанавӣ низ омодагӣ дидааст. Ӯ  гуфт, ки айни ҳол хатмкунандагони шакли таҳсили фосилавии донишгоҳ ба 628 нафар мерасанд ва ин шумора, аз 7-уми май то 15-уми майи соли ҷорӣ, тӯли 7 рӯз дар омӯзиши лексияи обзорӣ ё ин маҷмӯӣ қарор доштанд. Мутасаддии дигари раёсати таълим Шаҳриёр Сафаров дар фарҷоми ҷаласа аз раванди бонизоми баргузории имтиҳоноти хатм андар 10 факултети донишгоҳ, хабар дод. Маълум гардид, ки раёсати таълим раванди таълими донишгоҳро ҳамарӯза зери назорати хоса  қарор додааст.

 

 

Суратгузориш аз рафти баргузории ҷаласа:

1.JPG - 211.54 Kb 2.JPG - 195.55 Kb 6.JPG - 175.38 Kb3.JPG - 190.67 Kb 4.JPG - 149.20 Kb 5.JPG - 177.74 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj