• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ҶАВОНОН-МОЯИ ИФТИХОРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

6.JPG - 127.26 KbСанаи 22.05.2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23 май” чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Ҷавонон-мояи ифтихори миллату давлат” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, намояндаи РОПНҶ-и ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Абдулло, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Фирӯз, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷурахон, намояндаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми кишвар Бахтиёр Расулов, муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Раҷабзода Иброҳим Бозор, сардори ШОПҲНҶ ШВКД дар н.И.Сомонӣ Ҳусейнов Комрон, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и н.И.Сомонӣ Саидов Фаридун ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода баромад намуда, иштирокдоронро ба “Рӯзи ҷавонон” табрик намудаву аз таърихи таъсисёбии “Рӯзи ҷавонон” ёдовар шуд ва инчунин изҳор дошт, ки “-Мо ҳам дар партави андешаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси “Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд”, ҳамақида мебошем. Сипас, ба як қатор омӯзгорон, кормандон ва инчунин донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои сиёсию ҷамъиятӣ иштирок намуда буданд, ҳамчунин ба ғолибони озмуну мусобиқаҳое, ки ба ифтихори ин рӯзи таърихӣ эълон гардида буд, бо ифтихорнома ва сипосномаҳои донишгоҳ, кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, КИ ҲХДТ дар н.И.Сомонӣ ва ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар идома роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Фирӯз Маҳмадуллоевич суханронӣ намуда, тибқи фармоиши вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон, Абдураҳмонзода Абдулхайр Суҳробхон - роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” – и донишгоҳро бо “Сипоснома”-и вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба хотири болидарӯҳии ҳозирин аз тарафи ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ барномаи консертӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.

Суратгузориш аз рафти чорабинии мазкур:

 

1.JPG - 250.66 Kb 2.JPG - 250.48 Kb 3.JPG - 210.43 Kb 4.JPG - 193.43 Kb

5.JPG - 200.85 Kb 6.JPG - 127.26 Kb 7.JPG - 213.16 Kb 8.JPG - 190.16 Kb

9.JPG - 198.69 Kb 10.JPG - 192.68 Kb 11.JPG - 185.60 Kb 12.JPG - 196.09 Kb

13.JPG - 194.16 Kb 14.JPG - 191.39 Kb 15.JPG - 203.41 Kb 16.JPG - 196.57 Kb

17.JPG - 189.74 Kb 18.JPG - 190.29 Kb 19.JPG - 167.72 Kb 20.JPG - 189.86 Kb

21.JPG - 195.08 Kb 22.JPG - 198.11 Kb 23.JPG - 194.43 Kb 24.JPG - 201.81 Kb

25.JPG - 206.78 Kb 26.JPG - 157.66 Kb 27.JPG - 159.05 Kb 28.JPG - 182.10 Kb

29.JPG - 178.23 Kb 30.JPG - 174.22 Kb 31.JPG - 195.96 Kb 32.JPG - 200.13 Kb

33.JPG - 193.58 Kb 34.JPG - 198.79 Kb 35.JPG - 213.35 Kb 36.JPG - 231.01 Kb

37.JPG - 216.97 Kb 38.JPG - 215.77 Kb 39.JPG - 219.25 Kb 40.JPG - 213.67 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj