• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ҶАВОНОНАНД ҲАМ МЕЪМОРУ ҲАМ НАҚҚОШИ ОЯНДА!

11.JPG - 248.41 KbИмрӯз, 23.05.2021 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Алишер Навоӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни умумимиллӣ-30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Файзигул Саидова, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, кормандони МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансур, омӯзгорону кормандони донишгоҳ ва инчунин аҳолии гирду атроф иштирок намуданд. Сарояндагони ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ бо суруду таронаҳои дилнишин табъӣ иштирокчиёнро болида гардониданд. Ҳамчунин кормандону омӯзгорони донишгоҳ бо кӯдаконашон ин рӯзи истироҳатиро хушу хотирмон ва дар фазои идона сипарӣ намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Файзигул Саидова суханронӣ намуда, ба Раёсати донишгоҳ ҷиҳати баргузории барномаи фарҳангӣ изҳори сипос намуд. Ҳамчунин ба ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, муовини ректор оид ба тарбия Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, роҳбари ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ Озода Ашурова ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Маъдӣ Абдураҳмонов “Сипоснома”-и Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо супориданд.

 

 

 

Суратгузориш аз рафти чорабинии мазкур:

1.JPG - 289.44 Kb 2.JPG - 345.90 Kb 3.JPG - 321.47 Kb

4.JPG - 325.15 Kb 5.JPG - 354.55 Kb 6.JPG - 350.05 Kb

7.JPG - 275.80 Kb 8.JPG - 313.73 Kb 9.JPG - 355.27 Kb

10.JPG - 209.78 Kb 13.JPG - 302.99 Kb 11.JPG - 248.41 Kb 12.JPG - 280.75 Kb 14.jpg - 186.84 Kb 15.jpg - 237.39 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj