• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

МАН БАЪДИ ҲАЗОР СОЛ, МЕОЯМ БОЗ...

1.JPG - 149.80 KbРӯзи 25-уми майи соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар толори бинои асосӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Лоиқ Шералӣ ва таҳаввули шеъри муосири тоҷик” бахшида ба 80-солагии шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ бо иштироки меҳмонону донишмандон ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда доир ба хизматҳои устод Лоиқ Шералӣ дар рушду таҳаввули шеъри ноби тоҷикӣ ҳамчун шоири забардаст, андешаронӣ намуд. Маврид ба ёдоварист, ки шоир Лоиқ Шералӣ байни солҳои 1958-1963 дар факултети таъриху филологияи Донишкадаи педагогии давлатии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) таҳсил намуда, ҳамзамон аъзои фаъоли маҳфили “Адибони ҷавон”-и ҳамин боргоҳ будааст. Дар идомаи конференсия донишмандон, мунаққиди варзидаи кишвар, профессор Абдунабӣ Сатторзода, нависанда Абдулҳамид Самад, шоир Акбари Абдулло, профессор Сулаймон Анварӣ, ки бо устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ ҳамнишин буданд, ҳар кадоме аз хислатҳои неку ҷавонмардӣ ва донишмандии ӯ ҳарф заданд. Инчунин профессор Мирзо Муллоаҳмадов , профессор Қурбон Восиев, дотсент Қосимов Саъдӣ, дотсент Раҷабалӣ Худоёрзода доир ба бузургии устод Лоиқ ва шеъри ӯ маърузахонӣ намуданд, ки писанди ҳамагон гардид. Дар идома Сабо Шералӣ, духтари устод Лоиқ Шералӣ ба роҳбарияти донишгоҳ арзи сипос намуд, ки пайваста бо чунин иқдомот номи бузургонро зинда нигоҳ медоранд. Сипас омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ Довудшо Бердиёров як ғазали устод Лоиқро пешкаши ҳозирин гардонид.

 

Дар ҷамъбасти конференсия аз ҷониби шоир Акбари Абдулло пешниҳод карда шуд, ки Раёсати донишгоҳ шодравон Лоиқ Шералиро бо унвони профессори фахрии донишгоҳ қадрдонӣ намояд.

Бахши дуюми конференсия дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷик идома меёбад.

 

Суратгузориш аз рафти конференсия:

 

1.JPG - 149.80 Kb 2.JPG - 218.70 Kb 3.JPG - 214.57 Kb 4.JPG - 114.51 Kb

5.JPG - 117.09 Kb 6.JPG - 114.64 Kb 7.JPG - 114.32 Kb 8.JPG - 198.03 Kb

9.JPG - 144.28 Kb 10.JPG - 144.43 Kb 11.JPG - 138.57 Kb 12.JPG - 141.53 Kb

13.JPG - 154.71 Kb 14.JPG - 154.33 Kb 15.JPG - 105.12 Kb 16.JPG - 175.06 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj