• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

РУШДИ РАВАНДИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ДАР ДОНИШГОҲ

3.JPG - 164.76 KbНимаи дуюми рӯзи 28-уми майи соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факулттети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди раванди таҳсилоти фарогир дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ» баргузор гардид. Дар ин мизи мудаввар ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, сармутахассиси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Бобомуродов, координаторони барномаи Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар Тоҷикистон Рейка Ҳориё ва Мукай Кумазава, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Мизи мудаввари мазкур дар асоси лоиҳаи «Таҳияи барномаи таълимии курсҳои такмили ихтисоси муаллимон дар мактабҳои олӣ барои рушди таҳсилоти фарогир» баргузор гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода зимни суханронии хеш меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз кӯмаку дастгириҳои шарикони лоиҳаи мазкур изҳори миннатдорӣ баён намуд.

 

Бояд ёдовар шуд, ки бо дастгириҳои Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар донишгоҳ роҳҳои махсус барои маъюбон сохта шуда, тибқи нақша барои беҳтар намудани раванди таҳсили маъюбон ва нобиноёни донишгоҳ дигар корҳоро низ ба роҳ монда истодаанду анҷом хоҳанд дод.

Суратгузориш аз рафти баргузории мизи мудаввар:

 

 

3.JPG - 164.76 Kb 2.JPG - 160.61 Kb 5.JPG - 228.38 Kb 6.JPG - 148.32 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj