• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ПИРӮЗИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР

ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

12.JPG - 274.30 KbСубҳи 31-уми майи соли 2021 дар саҳни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аҳли раёсати донишгоҳ ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявиро бо дастагулҳо ва шиору овезаҳо пешвоз гирифтанд. Сипас дар толори Шӯрои олимон ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо донишҷӯён ва устодони онҳо, ки дар олимпиадаи мазкур иштирок доштанд, вохӯрӣ доир намуд. Сараввал ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳайати дастаи олимпии донишгоҳро барои иштироки фаъолонаашон арзи сипос намуд. Маврид ба ёдоварист, ки санаи 28 ва 29 – уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз...” баргузор гардид. Дар ин олимпиада донишҷӯён аз рӯйи 14 фанни таълимӣ сабқат намуданд. Боиси хушнудист, ки дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Аз ҷумла, донишҷӯи соли 2-юми факултети таърих Ниёзов Дилшод Маҳмадзарифович, донишҷӯи соли 4-уми факултети химия Ноибова Нигора Замировна, донишҷӯи соли 4-уми факултети биология Умаров Руҳулло Комилович, донишҷӯи соли 2-юми факултети география Садриддинов Озодбахт Муҳиддинович ва донишҷӯи соли 4-уми факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ Шайхова Нигина Пулодовна сазовори ҷойи аввал ва донишҷӯи соли 4-уми факултети таърих Шарипов Искандар сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо гирифтани панҷ ҷойи аввал ва як ҷойи сеюм донишгоҳи мо дар миёни муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дар ҷойи дуввум қарор гирифта, аз ҷониби муовини вазири маориф ва илми кишвар муҳтарам Қодирзода Диловар Баҳриддин бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қардонӣ гардид. Бояд тазаккур дод, ки ин аз дастоварди бузурги донишгоҳ дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ арзёбӣ мешавад.

Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бори дигар аз номи раёсати донишгоҳ ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявиро табрик намуда, барои фаъолияти минбаъдаашон бурдбориҳои беназирро таманно намуд.

Суратгузориш аз рафти мулоқот бо ғолибони олимпиада:

 

12.JPG - 274.30 Kb 4.JPG - 186.19 Kb 5.JPG - 228.44 Kb 6.JPG - 185.44 Kb 7.JPG - 179.35 Kb 8.JPG - 228.18 Kb 9.JPG - 182.17 Kb 10.JPG - 228.22 Kb 13.JPG - 268.92 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj