• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

РАЁСАТИ ТАЪЛИМ, ПИРӮЗӢ МУБОРАК БОД!

26.JPG - 243.00 KbШурӯъ аз 25-уми майи соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-салагии таъсисёбии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, инчунин барои сазовор пешвоз гирифтани “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” мусобиқаи дӯстонаи волейбол байни омӯзгорон ва кормандони сохторҳои донишгоҳ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои волейболбозони раёсати таълими донишгоҳ, қисми хоҷагидорӣ, факултетҳои таърих, математика, химия, иқтисодиёт ва идоракунии маориф, биология, география, таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дар даври аввал байни ҳам сабқат намуданд. Маврид ба зикр аст, ки дастаҳои раёсати таълими донишгоҳ, факултети математика, факултети физика ва факултети таърих ба даври финалӣ роҳ ёфта, санаи 8-уми июни соли равон барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм байни ҳам сабқат намуданд. Дар ҷамъбаст бо ҳисоби 3:2 ҷойи аввал насиби дастаи волейболбозони раёсати таълими донишгоҳ, ҷойи дуюм насиби дастаи факултети математика ва ҷойи сеюм насиби дастаи факултети физика гардид, ки ғолибон бо “Ифтихорнома”-ву Ҷоми ректори донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин ба як қатор бозингарони беҳтарину доварон  аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар фарҷом ректори донишгоҳ барои гузаронидани чунин чорабиниҳои варзишӣ ба аҳли иштирокчиёни дастаҳо ва мудирияти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ изҳори сипос намуд.

Суратгузориш аз рафти ҷамъбасти мусобиқа дар толори варзишии донишгоҳ:

 

 

1.JPG - 221.42 Kb 2.JPG - 221.87 Kb 3.JPG - 202.85 Kb 4.JPG - 165.63 Kb

5.JPG - 199.01 Kb 6.JPG - 211.84 Kb 7.JPG - 223.28 Kb 8.JPG - 195.14 Kb

9.JPG - 211.95 Kb 10.JPG - 177.82 Kb 11.JPG - 187.26 Kb 12.JPG - 184.72 Kb

13.JPG - 240.41 Kb 14.JPG - 212.29 Kb 15.JPG - 200.12 Kb 16.JPG - 222.11 Kb

17.JPG - 189.68 Kb 18.JPG - 232.67 Kb 21.JPG - 240.32 Kb 22.JPG - 246.66 Kb

23.JPG - 171.66 Kb 24.JPG - 174.82 Kb 25.JPG - 184.62 Kb 26.JPG - 243.00 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj