• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ:

ДОНИШГОҲ 90-СОЛА МЕШАВАД

9.jpg - 28.15 Kb

Рӯзи 12 июли соли 2021 дар  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳамаи ҳозиринро ба  ин боргоҳи илму маърифат хушомадед намуда, доир ба дастовардҳои назарраси устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар самти илм, таълим, тарбия, робитаҳои байналмиллалӣ ва қисмати хоҷагидорӣ фаъолияти донишгоҳро баррасӣ намуда, аз натиҷаи он ҳозиринро ошно намуд. Зимни суханронии худ сарвари донишгоҳ қайд намуд, ки барои сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии донишгоҳ ҳамаҷониба омода буда, ба ҳамин муносибат корҳои сохтмонӣ дар бинои нави таълимӣ ва фарҳангӣ  хуб ҷараён дорад. Инчунин, Нӯъмонҷон Ғаффорӣ дар идомаи суҳбат ба васоити ахбори омма гуфт: Имрӯз дар донишгоҳ куллан барномаву нақшаҳои таълимӣ таҷдиди назар гардида, дар заминаи онҳо китобҳои дарсӣ, дастурҳои арзишманди мутобиқ ба рӯҳияи замон ва равандҳои пештози илми муосир нигошта шуданд. Сатҳи дараҷаи илмӣ ва маҳорату малакаи устодон низ хеле боло рафтааст. Донишгоҳ бо воситаҳои техникӣ, аз ҷумла, компютерҳои пайваст бо шабакаи интернет ва дигар ашёи зарурии техникӣ пурра муҷаҳҳаз гардидааст. Ҳамаи ин тадбирҳои муҳим ва судманд ба тадриҷан беҳтар гаштани дараҷаи саводнокиву давомоти донишҷӯён, тақвияти фаъолияти онҳо мусоидат хоҳад кард. Дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ ба ҳамаи саволҳои аз ҷониби рӯзноманигорон пешниҳодгардида, ки фарогири сатҳу сифати таълим, раванди дарси омӯзгорон, қабули донишҷӯёни хориҷӣ, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз ҷониби омӯзгорон, бо ҷои кор таъмин шудан ва ё нашудани хатмкунандагони донишгоҳ, корҳои омодагӣ барои таҷлили ду ҷашни бузурги дар пешистода - 30-солагии Истиқлолият ва 90-солагии донишгоҳ мебошад, посухҳои қаноатманд дод.

 

 

Дар нишасти матбуотии навбатӣ аз ҷониби журналистон пешниҳод гардид, ки дар қатори дигар ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ, инчунин ихтисоси журналист – омӯзгор низ таъсис дода шавад.

Суратгузориш аз рафти баргузории нишасти матбуотӣ:

 

26.jpg - 29.16 Kb 2.jpg - 61.55 Kb 3.jpg - 47.92 Kb 4.jpg - 51.87 Kb

5.jpg - 56.66 Kb 6.jpg - 51.02 Kb 7.jpg - 55.46 Kb 8.jpg - 61.69 Kb

10.jpg - 49.99 Kb 11.jpg - 62.31 Kb 12.jpg - 53.44 Kb 13.jpg - 49.70 Kb

15.jpg - 55.55 Kb 16.jpg - 50.88 Kb 17.jpg - 44.59 Kb 18.jpg - 53.33 Kb

19.jpg - 41.08 Kb 20.jpg - 62.33 Kb 21.jpg - 48.52 Kb 22.jpg - 63.29 Kb

23.jpg - 41.07 Kb 24.jpg - 31.98 Kb 25.jpg - 58.29 Kb 28.jpg - 41.06 Kb

29.jpg - 47.01 Kb 30.jpg - 53.20 Kb 31.jpg - 50.89 Kb 32.jpg - 38.53 Kb

33.jpg - 48.66 Kb 36.jpg - 46.84 Kb 34.jpg - 51.38 Kb 35.jpg - 40.16 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj