• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Рамазонӣ Давлатов- номзади илмҳои фалсафа,

омӯзгори кафедраи “фалсафа”-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Созмони Ҳамкории Шанхай – созмони боэътимод

дар минтақа ва ҷаҳон

Созмони Ҳамкории Шанхай омехтаи шарикии минтақавии байнидавлатӣ мебошад, ки 15 июни соли 2001 бо мақсади ҳифз ва таъмини амнияту суботи минтақа таъсис ёфта, ҳамкории гуногунҷанбаи худро то имрӯз тадриҷан рушд медиҳад. СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ тахминан 34,3 млн. км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 млрд. нафар ё 43,8% аҳолии умумии курраи заминро ташкил медиҳанд.

Вазифаҳои асосии Созмон тибқи Оинномаи дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмон дар Санкт-Петербург қабул шуда (7 июни соли 2002) инҳоянд:

- таҳкими  равобити тарафайни дӯстона байни кишварҳои узв;

- густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо мақсади дастгирии сулҳ, амният ва субот дар минтақа, мусоидат ба таъсиси низоми нави байналхалқии демократӣ, боадолат ва аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ маъқул;

- муборизаи якҷоя алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризм, ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ, мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва яроқ, дигар навъҳои фаъолияти ҷинояткории фаромиллӣ ва ҳамчунин муҳочирати ғайриқонунӣ;

- ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои минтақавии босамари сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, мудофиавӣ, фарҳангӣ, илмӣ-техникӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, қарзӣ-молияви ва гайра, ки боиси тавваччухи умум хастанд.

- мусоидат ба болоравии иктисодии ҳаматарафа, инкишофи иҷтимоиву фарҳангӣ дар минтақа тавассути фаъолияти якҷоя дар асоси шарикии баробарҳуқуқ бо мақсади боло бурдани сатҳ ва шароити зисти мардумони давлатҳои аъзо;

- мавзунгардонии муносибатхо дар рафти ҳамгароӣ  ба иктисодиёти чахони;

- мусоидат ба таъмини  ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мувофиқи уҳдадориҳои байналхалқӣ ва қонунгузории миллии давлат-аъзоён;

- дастгирӣ ва густариши равобит бо дигар созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои ҷаҳон;

- ҳамкориҳо дар пешгирии низоъҳои минтақавию байналхалқӣ ва ҳалли мусолиҳатомези онҳо;

- ҷустуҷуи  муштараки роҳҳои халли масоиле, ки дар асри XXI  пайдо мешаванд.

Дар тӯли 20 соли фаъолияти хеш, бо назардошти Оиннома ва Аҳдномаи дарозмуддати ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории судманд байни давлатҳои аъзо, Созмони ҳамкории Шанхай тавонист шарикии созандаро байни кишварҳои узви худ барпо намуда, ба пешрафти назаррас дар назария ва амалияи муносибатҳои байналмилалӣ ноил гардад ва намунаи нави ҳамкориҳои минтақавиро ба вуҷуд оварад ва дар рушди минтақа саҳми назаррас гузорад. Маҳз талоши фаъол ва созандаи Россия, Хитой ва дигар кишварҳои аъзо Созмони Ҳамкории Шанхайро ба созмони бонуфуз ва дорои механизмҳои муассири мубориза бо хатарҳои ҷиддии ҷаҳонӣ, таъмини суботу амният ва ҳамкории васеи минтақавӣ табдил гардонид.

Бо афзоиш ёфтани нуфузи байналмилалии худ, СҲШ ба як нерӯи муҳим барои мусоидат ба сулҳ ва рушди ҷаҳонӣ ва ҳифзи адолати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Созмони ҳамкории Шанхай дар ибтидо ҳамчун сохтори гуногунҷабҳа дар асоси се самти ҳамкорӣ, аз қабили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат ва амният; тиҷоративу иқтисодӣ ва рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ фаъолияти худро оғоз намуда, рушд ва шукуфоии халқҳоро низ дар рӯзномаи кории худ дохил намудааст.

Дар роҳи пиёда намудани вазифаҳои муштараки сиёсӣ ва амниятӣ, ҷустуҷӯи механизмҳои оптималии густариши робитаҳои иқтисодӣ ва амиқсозии робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, СҲШ ҳамчун як созмони шарикӣ дар асоси равишҳои шабеҳи давлатҳои аъзои худ тадриҷан рушд мекунад ва яке аз камтарин ташкилотҳои байналмилалии бисёрсоҳа мебошад, ки аз ибтидо дар асоси шарикии бисёрҷониба бунёд шудааст.

Ҷустуҷӯи шаклҳо, усулҳо ва механизмҳои оптималии ҳамкорӣ, аз ҷумла оид ба масъалаҳои иқтисодӣ равандҳои ҳамгироӣ дар доираи СҲШ-ро бештар менамояд. Дарвоқеъ, кишварҳои узви СҲШ дар маҷмӯъ бозори азим, қисми муҳими сарватҳои зеризаминии ҷаҳон ва заминаи тавонои саноатӣ доранд, ки калиди бомуваффақият амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки тиҷоративу иқтисодӣ мебошанд.

Пас аз ҳамроҳ шудани ду давлати бонуфузи Осиё - Ҳиндустон ва Покистон, Созмон ба иттиҳодияи фаромарзии ҷаҳон аз нуқтаи назари масоҳат, аҳолӣ ва иқтидори иқтисодии кишварҳои узви он табдил ёфт. Бо муттаҳид шудани чор қудрати ҳастаӣ (Ҳиндустон, Чин, Русия ва Покистон) формати СҲШ унсури иловагии дастгирии низоми устувории стратегии ҷаҳонӣ гардид. СҲШ тавассути пайвастани Ҳиндустон ва Покистон на танҳо дастовардҳои амалии Созмонро мустаҳкам кард, балки афзоиши бемайлони нуфузи онро дар ҳарду кишвар инчунин минтақа ва ҷаҳон таъмин намуд. Омадани давлатҳои нав ва тавоно барои СҲШ дари имкониятҳои навро боз мекунад. Ва бо назардошти ноустувории муносибатҳои байналмилалӣ, ин имкониятҳо барои рушди минбаъдаи иқтидори иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолияти он, аз ҷумла дар арсаи байналмилалӣ, дастгирии иловагӣ фароҳам меоранд.

Бо назардошти таҳдидҳои афзояндаи амниятӣ, хусусан терроризми байналмилалӣ, рӯз то рӯз фаъолтар шудани созмонҳои экстремистӣ, афзоиши шумораи сохторҳои ҷиноии трансмиллӣ, истеҳсолот ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир - СҲШ ҳамкориҳои худро дар самти амнияти минтақавиро афзалиятнок меҳисобад.

Қобил ба зикр аст, ки мутобиқи муқаррароти СҲШ, соли 2020 раёсат дар СҲШ аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта буд. Мутаносибан Иҷлоси ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Соли 2021 ба таъсис ёфтани СҲШ 20 сол пур мегардад.

Кишвари мо омодагиро ҷиҳати пазируфтани раёсат дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 оғоз намуда, ният дорад, ки дар рушди минбаъдаи созмон саҳми арзанда гузорад. Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукотиро ҷиҳати омодагӣ ва баргузории нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар таъсис додааст, ки он ҳоло фаъолона кор мекунад.

СҲШ дар давоми мавҷудияти хеш худро ҳамчун майдончаи босамари мубодилаи афкор, коркарди мавқеъҳои муштарак ва ҳамоҳанг сохтани нуқтаи назари гуногун нишон дода, вобаста ба талаботҳои замони муосир мақсаду вазифаҳои доштаашро пайваста такмил медиҳад.

Фаъолияти бистсолаи созмон нишон дод, ки принсипхои сулх, хамкори, зидди тарафи сеюм набудан ва «Рухияи Шанхай», ки дар «боварии тарафайн, машваратхои тарафайн, баробари, эхтиром  ба гуногунрангии фархангхо ва кушиш барои инкишофи тарафайн» зохир мегардад, чавобгуи манофеи милли ва хохишу ормонхои халкхои давлат-аъзоёни созмон мебошад. Махз хамин сифаташ кафили он гаштааст, ки новобаста ба хама гуна даъватхои нав ва тагиротхои кулли дар ҷаҳон ин Созмон худро ҳифз намуда,бо татбиқи усулҳои зерини ҳамкориҳои судманд бо шарикон ба дастовардхои назаррас ноил гашт:

- Рушди фарогир, инклюзивӣ

- Канорагирӣ аз таассуби мафкуравӣ

- Кам кардани шиддати қафомонии рушди кишварҳои аъзо бо дастгирии кишварҳои пешрафтаи созмон

- Муқобилияти якҷоя алайҳи хатарҳои глобалӣ

Беихтиёр вусъатталабии амсилаҳои рақобаткунандаи ташкили низомҳои ҳамгаройиҳо кишварҳои рушдёбандаро ба мадори имтиҳонҳо, озмоишҳои ҷомеа тарҳрезишуда кашиданд, ки баъзе аз онҳо бо номи «инқилобҳои ранга», ҳидоят ба арзишҳои умумӣ ва ғайра маълуманд.

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj