• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Самиев Б.Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа, профессор


ОМӮЗГОР - ШАХСИЯТИ КАЛИДИИ НИЗОМИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

30.jpg - 104.46 KbИмрӯз низ омӯзгор дар давраи Истиқлолият, таҳким ва ташаккули давлатдории миллӣ аз шахсияти калидии раванди низоми таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккул, возеҳ кардани ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи омӯзгорӣ, салоҳиятнокии касбии донишҷӯ нисбати ихтисоси интихобкарда, нақши стратегӣ дорад.

Табиист, ки ҳар гуна тағйироте, ки дар ҷомеа, хусусан дар низоми таҳсилот ба вуқуъ мепайванданд ва ҳар инқилобҳои илмие, ки рух медиҳанд ба рӯҳия ва маҳорати омӯзгор, хусусан омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки дар баробари иҷрои сарбории таълимӣ, ба пажӯҳиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  пардохта, вобаста ба равияи худ ба дастовардҳои илмӣ муваффақ мегардад, бетаъсир намемонад. Аз ин рӯ, вазъи кунунии соҳаи маориф таҳияи сохтори нави тайёрии махсуси психологӣ ва педагогиро ҳам барои омӯзгорони ояндаи донишгоҳҳо ва ҳам барои омӯзгороне, ки ба фаъолият машғул мебошанд, тақозо мекунад. Аммо ворид шудан ба фазои нави таҳсилот, татбиқи низоми кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низоми анъанавии тарбияи муаллимони ояндаро нокомил гардонида, афзалиятнокиашро аз даст дод. Аз ин ҷиҳат, имрӯз ба шахсияти омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардан, бесабаб нест, чунки «шахсият тавлид намешавад, балки шахсиятро тарбия мекунанд». Муфассал

 


Самиев Б.Ҷ., Ойматов Б. - омӯзгорони

ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

 

30.jpg - 104.46 KbДар ҳар як марҳилаи таърихии тақдирсози халқи тоҷик, сиёсатмадорону мутафаккирон барои бақои миллат, маърифатноку худогоҳ кардани аҳолӣ, дар зеҳну тафаккурашон инъикос кардани ифтихори ватандорӣ, ваҳдат, ҳисси миллӣ ва меҳру муҳаббатро нисбати ҳамдигар барқарор доштан пайваста таргибу ташвиқ намудаанд. Яъне аз як тараф барои худогоҳ ва худшинос гаштани мардум омилҳои асосиро нишон дода, аз тарафи дигар саъй медоштанд, ки бо асарҳои гаронбаҳои таълифдошта арзиш ва анъанаҳои миллиро зинда доранд. То ин ки насли баъдина ифтихор аз нобиғаҳо ва аз анъанаву арзишҳои миллӣ карда, дар вуҷуди худ ҳисси ватандориро бедор намоянд, ҳикматҳои онҳоро сарманшаи такмили маърифатнокӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеъа созанд. Муфассал

 


 

Бердиев Ш., Давлатов Р.

омӯзгорони кафедраи фалсафаи

ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 

НАҚШИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТИИ МУОСИР ДАР ТАҲКИМИ

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ, ГУСТАРИШИ ВАҲДАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

 

30.jpg - 104.46 KbТаъсиррасонии ҷаҳонишавӣ ҳамчун падидаи нави муосири байналмиллалӣ чӣ аз лиҳози иқтисодӣ, фарҳангӣ, технологияи муосир, сиёсӣ, ҳуқуқи, низомӣ, иҷтимоӣ, ошкоро ба чашм хурда ва аз ин рӯ, ҷаҳонӣ шудани он як амри заруриро мемонад.

Дар ҷаҳони кунунӣ, хусусан дар асри навин, ки дорои сиёсатҳои ноустувор ва тағирёбанда буда ва аз ҷониби дигар глобализим, яъне ҷаҳоншумули фарогири тамоми соҳаҳои ҳаёти башарист,огоҳӣ доштан аз технологияи иттилоотии муосир ва азхуд кардани он барои ҳар як миллат ва кишваре тақозои зарурии вақт аст. Дастовардҳои техникие, ки имрӯз дар дунё ба чашм мерасанд натиҷаи қадршиносиҳои вақтанд. Бузургтарин сармояи инсон вақт аст. Кишварҳои пешрафта аз воқеияти ин ҳақиқат ҳанӯз барвақт воқиф шуда, онро самаранок истифода бурданду ҳоло ҳам бурда истодаанд. Инсоният дар марҳилае қарор дорад, ки бояд таърихи башариятро на ба итмом расонад, балки онро идома бахшад. Муфассал

 


 

Самиев Б.Ҷ.- профессори кафедраи фалсафаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Қурбонов У. – ассистенти кафедраи фалсафаи фарҳанг

Бкрдиёрова Г. – унвонҷӯи кафедраи фалсафа

 

МАКТАБИ ТАҲАММУЛГАРОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАЪМИНГАРИ

ПРИНСИПҲОИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

 

30.jpg - 104.46 KbБарои инсон умри 30-сола чандон умри тӯлонӣ нест, вале метавонад дар ин син ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуда, номи худро дар саҳифаи таърих мондагор кунад. Агар аз хурдсолӣ ба омӯзиш, сайқал додани дониши худ, мутолеаи мудаввом, андӯхтани таҷрибаҳои дигарон ва ғайра машғул гардад. Акси ҳол умри худро зоеъ гардонида, танҳо аз мавҷудияташ дарак медиҳад. Давлат низ мисли инсон аст. Агар пояҳои он устувор бошанд, умри тӯлонӣ мебинад, акси ҳол аз ноустувории як поя метавонад рӯ ба таназзул ниҳад. Муфассал

 

 

 

 


 

 

Ғаффорӣ Н. - Ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,

доктори илмҳои таърих, профессор

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РАВШАНГАРИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН

ВА ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

 

30.jpg - 104.46 KbСаҳифаи  таърихи тамаддуни башарӣ рӯшанӣ медиҳад, ки корнамоиҳо, мардонагиву далерӣ, ватанпарастӣ, шуҷоату футувват хоси гузаштагони покнажоди мо буда, шаҳодати он муборизаҳои озодихоҳона ва сарбаландиву комёр будани онҳо бо аҷнабиён мебошад, ки  мо дар симои Спитамен, Деваштич, Шерак, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон дида метавонем. Сабақҳои дигари таърихӣ низ моро аз бурду бохти давлату давлатдорӣ,  пайванду ҳамгироӣ, таҳаммулгароиву ҳамдигарбахшӣ, мухолифату баҳамоӣ ёдовар месозанд, ки  онҳоро омӯхтану дар раванди минбаъдаи рушди ҷомеаву ташаккули наслҳои оянда истифода намудан ба манфиат хоҳад буд. Зеро дар раванди таърих барои ҳар як халқу миллат шахсиятҳое, ки ба шоҳкориҳои бемисл муваффақ мешаванд, метавонанд ҳаёти хушбахтонаву босаодати мардумро таъмин намоянд. Тасодуф нест, ки барои ба ин саҳна  ворид гардидан ва минбаъд чун пешво эҳтиром пайдо кардани онҳо дар байни мардум ба ин шахсиятҳо воқеаву ҳодисоти  таърихӣ мусоидат мекунанд. Бахусус, онҳоро водор менамоянд, ки тавассути дараҷаи хирад, тафаккур, шуҷоат ва иродаи сиёсии худ раванди инкишофи ҷомеаро таъмин намоянд. Муфассал

 


 

 

 

Қудратзода К.А.

н.и.т., дотсент, муовини сардори раёсати илм ва

инноватсияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ


НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАҲДАТ ДАР

ТАШАККУЛ, ШИНОХТ ВА РУШДИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ

30.jpg - 104.46 Kb

 

Имрӯзҳо масъалаи мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрам гардидааст, зеро кишвари мо ҷанги хонумонсузи шаҳрвандиро паси сар намуда аз имтиҳони таърих гузашта, суботи ҷомеаро барқарор намуда, соҳибистиқлолии худро тақвият дода ба давраи нави рушд ворид гардидааст. Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии кишвар тамоми муқаддасоти миллӣ, ки боиси ифтихору  ва эҳсоси ватанпарастӣ аст ба вуҷуд оварда шудаанд. Муфассал

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj