• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Самиев Б.Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа, профессор

 

ОМӮЗГОР - ШАХСИЯТИ КАЛИДИИ НИЗОМИ

ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

 

30.jpg - 104.46 KbИмрӯз низ омӯзгор дар давраи Истиқлолият, таҳким ва ташаккули давлатдории миллӣ аз шахсияти калидии раванди низоми таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккул, возеҳ кардани ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи омӯзгорӣ, салоҳиятнокии касбии донишҷӯ нисбати ихтисоси интихобкарда, нақши стратегӣ дорад.

Табиист, ки ҳар гуна тағйироте, ки дар ҷомеа, хусусан дар низоми таҳсилот ба вуқуъ мепайванданд ва ҳар инқилобҳои илмие, ки рух медиҳанд ба рӯҳия ва маҳорати омӯзгор, хусусан омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки дар баробари иҷрои сарбории таълимӣ, ба пажӯҳиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  пардохта, вобаста ба равияи худ ба дастовардҳои илмӣ муваффақ мегардад, бетаъсир намемонад. Аз ин рӯ, вазъи кунунии соҳаи маориф таҳияи сохтори нави тайёрии махсуси психологӣ ва педагогиро ҳам барои омӯзгорони ояндаи донишгоҳҳо ва ҳам барои омӯзгороне, ки ба фаъолият машғул мебошанд, тақозо мекунад. Аммо ворид шудан ба фазои нави таҳсилот, татбиқи низоми кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низоми анъанавии тарбияи муаллимони ояндаро нокомил гардонида, афзалиятнокиашро аз даст дод. Аз ин ҷиҳат, имрӯз ба шахсияти омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардан, бесабаб нест, чунки «шахсият тавлид намешавад, балки шахсиятро тарбия мекунанд».[1]

Бояд як нуктаро ба эътибор гирифт, ки имрӯз касби омӯзгорӣ фарогири се ҷузъи бо ҳам иртиботдошта мебошад: фаъолияти педагогӣ, муоширати педагогӣ ва шахсият. Ҷузъи сеюм, яъне шахсият омили муҳимест, ки мавқеи касбии омӯзгорро дар фаъолияти педагогӣ ва муоширати педагогӣ муайян мекунад. Фаъолияти эҷодӣ-инфиродии омӯзгор сатҳи олии фаъолияти ӯст. Ин сифати хосса, ки ба дараҷаи рушди шахсият вобастагӣ дорад, дар чунин ҷанбаҳо сайқал меёбад: самти фаъолият (арзишҳо, ҳавасмандӣ, гузоштани мақсад), сифатҳои шахсӣ (зуҳури инфиродии сифатҳои равонӣ), соҳаи маърифатӣ (мундариҷа, сатҳҳо ва амалиёти тафаккур).

Ба андешаи М.О.Громкова такмили касбияти омӯзгор, бахусу, омӯзгори оянда, пеш аз ҳама ба дарки касби интихобкарда, ки он танҳо бо ба даст овардани миқдори муайяни дониш, малака, маҳорат маҳдуд намешавад, балки тағйироти тамоми соҳаи арзишӣ-ҳавасмандгардонӣ, рушди қобилият ва сифатҳои касбӣ бо он ки омӯзгор тавонад нақшҳои интизоридоштаи дар симои касбиаш нуҳуфтаро қонеъ гардонад, дар бар мегирад.[2]

Сифатҳои шахсият вобаста аз манфиатҳо, муносибат, идеал, ҳавасмандагрдониҳое, ки инсонро ба фаъолият водор мекунанд ва муносибат ба он, ки муваффақияти онро дар оянда муайян мекунад, бо роҳҳои гуногун ифода меёбанд.

Воқеан, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки раванди таълиму тарбия назди омӯзгори имрӯза вазифаҳои мусъулиятнокро мегузорад, то мушкилоте, ки дар ин самт ба вуҷуд меоянд оқилона баррасиву ҳал намояд. Барои муваффақ шудан дар раванди фаъолияти омӯзгории худ зарур аст, ки ӯ назария ва амалияро самаранок азхуд кунад, барои ташаккули малакаҳои касбӣ боғайратона талош варзад. Дар доираи ихтисос ва фанни таълимии худ маҳдуд нагашта, аз дастоварду муваффақиятҳои илмҳои соҳавӣ, тағйироту таҳаввулоте, ки дар низоми ҷомеадорӣ ба вуқуъ мепайванданд огоҳ, босалоҳият ва  ботаҷриба бошад. Зеро донишҷӯён мусаллаҳ буданро бо чунин сифатҳои касбӣ муҳимтарин сифатҳои омӯзгор дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ медонанд. Яъне, омӯзгор бояд мавзӯъҳои омӯхташавандаро тибқи барномаи таълимӣ комилан донад ва дарк кунад, дониши амиқи касбӣ дошта бошад ва тахассуси худро доимо такмил диҳад. Таҳаммулпазир, хушмуомила, меҳрубон буда, кина ва бухлро нисбати шогирдон раво набинад. Аммо фосиларо ба хотири эҳтирому нигоҳ доштани мақомаш нисбат бо донишҷӯён риоя дорад. Камбудиҳои онҳоро ислоҳ карда, маслиҳатҳои судманд диҳад. Ҳангоми посух ба саволҳои аз ҷониби донишҷӯён додашаванда худро дағал, сахтгир ва пурвиқор нишон надиҳад.

Дар баробари ин сифатҳо омӯзгори имрӯза бояд худро бо талаботи ҷомеаи муосир мутобиқ намояд, ботинан ва зоҳиран худро зебо ва ороста нигоҳ дорад. Либоси расмӣ ба бар кунад. Инчунин, маҳорати кор кардан бо воситаҳои технологияи муосир, истифода бурдани шабакаҳои интернетиро дошта, бо як ё ду забони хориҷӣ муошират карда тавонад. Доштани ин сифатҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин гуна омӯзгор ҳамқадами замон, пешрафта ва насли созандаи имрӯз аст.

Дар баробари сифатҳои зикрёфта омили дигари ташаккули арзишҳои омӯзгори ҷавон ахлоқи педагогӣ мебошад, ки андозаи шахсии ахлоқ ва институтсионалии меъёрҳои ахлоқии таълимро тавсиф мекунад. Дар робита бо ин муҳаққиқи рус В.И.Андреев бо ба эътибор гирифтани қоидаҳои ахлоқии маъруф, вале барои ҳар як омӯзгор хеле муҳимро дар асоси принсипи "Зарар нарасонед" пешниҳод мекунад, ки зикри онҳо ба мақсад мувофиқ аст:

1. Нисбати шогирдони худ беэҳтиромӣ накунед ва бештар аз дастовардҳо ва муваффақиятҳои онҳо ҳарф занед.

2. Бо донишҷӯён муноқиша накунед ва онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намоед.

3. Аз донишҷӯён шикоят накунед, аммо роҳи ҳалли ҳама гуна ҳолатҳои душворро ҷӯед.

4. Нисбати донишҷӯёни худ бадгумонӣ набаред.

5. Сирри шогирдонатонро фош накунед, агар онҳо ба шумо эътимод дошта бошанд.

6. Донишҷӯёнро ба иҷрои супориш ва вазифаҳои зиёд, ки имконнопазир мебошанд, маҷбур нанамоед.

7. Чунин далелро истисно накунед, ки дар баъзе ҳолатҳо донишҷӯён аз шумо зирактар мешаванд.

8. Шитобкорона ба донишҷӯ баҳои ду нагузошта, завқи ӯро бедор намоед.

9. Талаботи муқарраршударо барои ҳама наҷӯд, балки мувофиқи вазъ, яъне эҷодкорона амал кунед.

10. Новобаста аз он, ки шумо чӣ гуна муваффақияти педагогиро ба даст овардаед, аз худ нагузаред. Ба хотир бигиред, ки барои шумо ҳам захираҳо ҷиҳати худинкишофдиҳии эҷодӣ мавҷуд мебошанд.[3]

Имрӯз сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди  соҳаи илму маориф мувофиқи меъёрҳои пазируфташудаи ҷомеаи башарӣ таҳия ва роҳандозӣ карда шуда, бо дарназардошти вазъи кунунӣ омили муҳимтарини амнияти миллист. Зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониши мукаммал дошта, касбу пешаҳои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд. Ё худ «Илму маориф дар ҳама давру замонҳо нишони тамаддун ва таъриху фарҳанги ҳар як давлату миллат мебошанд. Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо дафтару девон сару кор дошт, китобдору китобхон буд ва дар бунёди тамаддуни башарият бо корнамоиҳои илмиву фарҳангии худ саҳми шоиста гузоштааст».[4]

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои солона ва суханрониҳои худ, ки ҳамасола бахшида ба таҷлили Рӯзи дониш ироа медоранд ба ин паҳлуи масъала ва мақому манзалати омӯзгор таваҷҷуҳи хоса дода, пайваста таъкид медоранд, ки дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф  яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, омӯзгор ҳамчун як чеҳраи калидӣ таҳкимбахши рушд ва пешрафти он аст. Зеро нақши омӯзгор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, маърифатнок намудани насли наврас ва ҷавонон, ташаккули тафаккури фарҳангӣ ва техникиву эҷодкории онҳо, таҳким ва пешрафти соҳаҳои дигари ҷомеа  ниҳоят муассир аст. Ё худ «Маҳз омӯзгорони соҳибмаърифату бофарҳанг ва устодони донишманду ватанпараст савияи таълиму дониши хонандагонро баланд бардошта, онҳоро ба забондонӣ, илмомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд».[5]

Аз ин андешаи пурмуҳтаво натиҷабардорӣ мегардад, ки тарбияи дурусти шогирдон маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, истифодаи усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли  таълим ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, дар раванди таълим ӯ бояд ба хатогӣ роҳ надиҳад. Чун волидайн ва ашхоси онҳоро ивазкунанда ҳамчун роҳнамои маънавӣ ва ба камол расонандаи насли солиму созанда ва шоистаи давр масъул бошад. Мунтазам аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузашта, дониш ва касбияти худро такмил диҳад, технологияи муосири таълимро омӯхта, аз воситаҳои навини технологӣ самаранок истифода барад.

Баробари вусъат бахшидани раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таҳким ва дуруст роҳандозӣ кардани масоили марбут ба тарбия, хусусан, ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, инсонпарварӣ, худогоҳӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ дар миёни донишҷӯён саҳми назаррас гузорад.

Мустааҳкамкунандаи робитаи байни хонавода ва муассисаҳои таҳсилотӣ ҷиҳати дуруст татбиқ кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ омӯзгор ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, тақозои замон аст, ки омӯзгорону олимон ва муҳаққиқон таълим ва илмро ҳамқадами замон созанд. Илм бояд ба халқ хизмат кунад ва ба пешрафти давлат мусоидат намояд, мутахассисон вобаста ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир тарбия гиранд.

Умуман, аз нуктаҳои меҳварии суханрониҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон метавон мушаххас кард, ки имрӯз омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба талаботи ҷомеаи техногенӣ ва фазои ҷаҳонии таҳсилот бояд сифатҳои зеринро доро бошад:

- воситаҳои техникӣ ва кор бо технологияи муосирро тавонад ва дар раванди баргузории машғулиятҳои дарсӣ самаранок истифода барад;

- то ҳадди муошират карда тавонистан як ё ду забони хориҷиро азхуд кунад;

- барои тақвият ва такмили ҷаҳонбинӣ, фасоҳати гуфтор дар як сол на кам аз панҷ асари бадеиро мутолиа кунад;

- ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир бошад;

- дар муҳлати панҷ сол аз курси такмили ихтисос гузашта, дониши соҳавӣ ва касбияти худро такмил диҳад;

- усулҳои нави таълимро дар раванди баргузории машғулиятҳо истифода барад;

- дар баробари иҷрои сарбории таълимӣ ба пажӯҳиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шавад;

- барои дарёфти унвон ва дараҷаҳои илмӣ бетафовут набошад;

- барои тайёр кардани шогирдон ҷиҳати иштирок дар озмун ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳмгузор боша два ғайра.

Ниҳоят, ба хотири он ки соҳаи маорифи кишвар рушд кунад, мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа баланд гардад, мутахассисони ватанӣ дар сатҳи бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазирии худро нишон диҳанд, барои мардуми кишвар зиндагии шоистаро сазовор гардонем «Омӯзгоронро зарур аст, ки ҳастии худро ба донишандӯзии фарзандони халқ сарф намоянд, онҳоро мисли нури чашми хеш азиз донанд, барои босаводу бомаърифат шудани шогирдон заҳмат кашанд ва ба ин восита инсони комилро ба воя расонанд».[6] Омӯзгорон вазифадоранд, ки тарбия кардани шогирдонро дар рӯҳияи худогоҳию худшиносӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба роҳ монанд. Дар асоси татбиқу амалинамоии ин модел мо метавонем Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафта дар самти рушди технологияи инноватсионӣ, татбиқи ҳукумати электронӣ, таъмини амнияти миллӣ, сазовор будани аҳолӣ ба зиндагии шоиста, ки ҳадафи ниҳоии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар аст, табдил диҳем.

Адабиёт:

1. Андреев В.И. Педагогика высшей школы. Инновационно-прогностический курс: учеб. пос. – Казань: Центр инновационных технологий, 2008. - 500 с.

2. Громкова М.О. О педагогической подготовке преподавателя высшей школы. // Высшее образование в России. - 1994. - №4. - С. 105-108.

3. Леонтьев А.Н. Деятельность. Сознание. Личность.-М.: Смысл; Изд. Центр «Академия», 2004.- С. 352.

4. Саидов З. Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. - Д., 2019. - 464с.

5. Сидаш Н.С. Характеристика современного преподавателя высшей школы /Н.С.Сидаш //Педагогическое образование в России. - 2014. - № 8. - С. 217-222.

 

 

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj