• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲИ ОЛТОЙ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

7.JPG - 204.43 KbБо мақсади тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи  25-уми августи соли 2021 Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода – ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Лазаренко Ирина Рудолфовна – ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русияро ба ҳузур пазирифт.

Зимни мулоқот ректори донишгоҳро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Саъдӣ Косимӣ, муовин оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирзораҳимов, муовин оид ба робитаҳои байналмилалӣ Аъзам Байдуллоев, сардори раёсати таълим ва муовин Наҳтулло Айнуллозода, Умедҷон Холиқов ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русияро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Олег Павлович ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни мулоқот ректорони донишгоҳҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ва мустаҳкамтар намудани робитаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимию бозомӯзӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии педагогии ин ду кишвар ва донишгоҳи мо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

Зимни мулоқот ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ изҳор дошт, ки миёни донишгоҳи мо ва донишгоҳҳои Федератсияи Русия дар самти бозомӯзӣ ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани устодон ва ҳамзамон мубодилаи донишҷӯён шартномаҳои вижа ба имзо расидаву мавриди иҷроиш қарор доранд.

Муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой Олег Павлович зимни вохӯрӣ иброз дошт, ки дар донишгоҳ барномаи наве мавриди иҷроиш қарор дорад, ки он имконияти  мубодилаи таҷрибаи омӯзгорони соҳаи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия таъмин менамояд.

Баъдан доир ба мубодилаи барномаҳои таълимӣ, маводҳои таълимию методӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҳамкориҳо дар самти тадқиқотҳои илмӣ, ироаи маърӯзаҳо аз ҷониби ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ ва намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия бо таҷдиду дидгоҳҳои тозаи илмӣ  ба имзо расид.

Ҳ.Сатторӣ

1.JPG - 217.73 Kb 2.JPG - 220.79 Kb 3.JPG - 187.22 Kb 4.JPG - 239.47 Kb 5.JPG - 239.27 Kb 6.JPG - 226.58 Kb 7.JPG - 204.43 Kb 8.JPG - 204.50 Kb 9.JPG - 231.68 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj