• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ЗИ ИСТИҚЛОЛ МОРО САРФАРОЗИСТ

 

Паёми табрикии ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ

ба муносибати Рӯзи дониш ва ҷашни 30-солагии

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фарорасии соли нави хонишро ба кулли устодон ва толибилмони донишгоҳ самимона табрик мегӯям. Имсол сафо ва файзи соли нави таҳсил, ки ҳамагон чун Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ медонанд, дар  донишгоҳ ва саросари кишвар тавъам дар остонаи ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат баст. Сулҳу истиқлол заминаи муҳимму арзишманд барои таҳкиму рушди соҳаи маориф ва донишандӯзии донишҷӯёну толибилмон мебошад. Ҷаҳони мутараққиву муосир нисбат ба мақому манзалати сулҳу сабот, Истиқлоли миллӣ ва арҷ гузоштан ба ин неъмати бебаҳо аз наврасону ҷавонон ва кулли шаҳрвандони мамлакат талаб менамояд, ки бояд таваҷҷуҳи бештар дар ин самт зоҳир карда шавад.

Ватани азизи мо – Тоҷикистон, ки баъд аз оғози Рӯзи дониш ҷашни бузурги 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии худро таҷлил менамояд, ҳамчун давлати муосири мутамаддин дар арсаи ҷаҳон на танҳо эътироф шуд, балки бо дастовардҳои назарраси ду даҳсолаи охири худ мавқеи шоистаро соҳиб гардид. Ин раванди таърихии нодири давлатдории навин, бешак, ба саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошад. Ин абармарди дунёи сиёсат, ки табиатан сулҳхоҳу ваҳдатпарастанд, борҳо зимни суханрониҳои худ таъкид кардаанд, ки «сулҳ муҳимтарин омили бақои миллат ва гарави осоиштагии ҳар як сокини мамлакат мебошад».

Пешвои миллат давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ тавассути ақлу заковати хеш дар партави таълимоти гузаштагон ба арзишҳои бунёдии миллӣ умри дубора бахшида, таърихи миллатро ба тамаддуни ҷаҳонӣ пайванд сохтанд ва ба шинохти ҳақиқати он  нигоҳи тоза бахшиданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар остонаи сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ҳамчунин дар арафаи таҷлили 90-солагии таъсисёбии хеш қарор дорад. Раёсати донишгоҳ ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани ин санаи муҳимми  таърихӣ барои сифатан хуб хидмат намудан ба донишҷӯён ва фароҳамовардани шароити мусоид барои таълиму тарбия таълимгоҳро аз нав таъмиру тармим намуд. Ҳамзамон барои муҳайё намудани шароити созгор баҳри донишҷӯёни имконияти маҳдуддошта, ки аз ворид шудан ба факултаҳо танқисӣ мекашиданд,  дар назди даромадгоҳҳои бинои асосӣ ва биноҳои факултаҳо роҳравҳои махсус мавриди истифода қарор ёфтанд. Иқдоми накӯи дигари раёсати донишгоҳ дар остонаи ҷашни 90-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни ин сохта ба истифода додани бинои нави таълимӣ иборат аз 5 ошёнаву як толори барҳаво барои чорабиниҳои фарҳангӣ  ва як ошхонаи миллии замонавӣ барои омӯзгорону донишҷӯён мебошад. Донишгоҳи мо чун ҳарсола ба соли нави таҳсил ҳаматарафа омода буда, дар давраи таътил қисми зиёди ҳуҷраҳои корӣ, дарсхонаву озмоишгоҳҳо, толору долонҳо ва саҳну атрофи таълимгоҳ таъмиру рангубор ва тозаву озода карда шуданд.

Бовар дорам, ки Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ ҳусни оғози соли тозаи  таҳсил мегардад ва ба аҳли донишгоҳи азизамон баҳри фаъолияти доманадору пурвусъат ва донишандӯзии фарогир дар ҷараёни соли таҳсил илҳомбахш мешавад. Ҷомеаи донишгоҳ ифтихормандаст, ки Рӯзи дониш  дар заминаи чорабиниҳои рангину пурмуҳтаво ва бо ширкати фаъолонаи  донишҷӯёну омӯзгорон таҷлил мешавад.

Ба ифтихори оғози соли нави таҳсил ва фарорасии ҷашни  бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таманнои онро дорам, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолу ваҳдатошёни мо ҳамеша ободу гулрез ва дар ошёни Сулҳу Ваҳдат бимонад ва Истиқлоли давлатӣ ҳамеша устувору безавол бошад.

Бори дигар оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва ҳамчунин, ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубро ба ҳамаи шумо - аҳли донишгоҳ, устодону кормандон ва толибилмону донишҷӯён самимона таҳният мегӯям.

Ҳамеша комёбиву сарбаландӣ ва барору нишот насибатон бод!

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj