• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Муборак, “Рӯзи дониш”, эй азизон!

5.jpg - 84.50 KbҲамасола 1-уми сентябр барои кулли донишомӯзон алалхусус, донишҷӯёни муасисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар рӯзи ибтидои соли хониш ба ҳисоб меравад ва бо тақвияти чунин андешаҳо субҳи имрӯз низ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ “Рӯзи дониш” оғоз гардид. Чун анъанаи дерин аъзои раёсати донишгоҳ аз ҷумла, муовинони ректор дар ҳамбастагӣ бо қисми таълим ба донишҷӯёни нав ба ин боргоҳомада, роҳнамоиву машваратҳо медоданд. Дар назди даромадгоҳи асосии донишгоҳ масъулин ҷиҳати беҳдошти вазъи саломатӣ, риояи фосилаи иҷтимоиву пӯшидани ниқобҳои яккарата ба донишҷӯён хидматгузорӣ мекарданд. Қисми дигари кормандон ҷиҳати ташкилнамоии тамошои “Дарси сулҳ” тавассути оинаҳои нилгун дар аудиторияву толорҳои биноҳои таълимӣ саҳмгузорӣ менамуданд.Фазои дохили донишгоҳ аз накҳати файзи истиқлоли кишвар муаттару шукуфо метофт. Устодони соҳибтаҷриба дар саҳни донишгоҳ бо додани фотиҳаи нек ба омӯзгорони ҷавон барору комёбиҳо орзу мекарданд.Дар дохили факултетҳо бошад, танзимгарон ҳолати оғозёбии таълимро ба танзим медароварданд. Имрӯз дар чеҳраи  аксарияти донишҷӯёни навдохилшуда кас метавонист, ки шодиву нишоти фаромӯшнашавандаро мушоҳида кунад. Бо чунин мушоҳидоти нек дар ибтидои сол ба ҳамаи донишомӯзон, донишпажӯҳон, донишдиҳандагон, сарварони донишгоҳу донишкадаҳо ва ба кулли кормандони соҳаи маорифи кишвар ин рӯзи неку пурифтихорро табрику таҳният менамоям ва орзуи он дорам, ки  ҳар тухме, к-андар мазраъгоҳи андешаи донишҷӯён кишт менамоянду менамоем, самараи нек дода бошад ва аз он коми насли ояндаи миллати тоҷик ширину гуворо гардад.

“Рӯзи дониш”-муборак, ҳамкасбони азиз!

Масъули сомонаи донишгоҳ - Довудшоҳ Бердиёров

 

1.jpg - 155.05 Kb 2.jpg - 143.64 Kb 3.jpg - 137.07 Kb

4.jpg - 131.25 Kb 5.jpg - 84.50 Kb 6.jpg - 70.76 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj