• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

БАРГУЗОРИИ  МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК

2.jpg - 79.10 Kb6-уми сентябр дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷик бо иштироки устодон, шогирдон ва кормандони дигари ин факултет мизи муддаввар таҳти унвони “Истиқлол-неъмати бебаҳост” бахшида ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зикр кардан ба маврид аст, ки роҳбарии ин мизи мудавварро д.и.ф., профессори кафедраи нзария ва таърихи адабиёт Вафо Элбоев бар ӯҳда дошт ва ҷаласаи мазкур аз 9 барнома иборат буд, ки сухангӯёни он доир ба хусусиятҳои болоравии самти илм, маориф, фарҳанг, хоҷагӣ, иқтисод, тандурустӣ ва рушди барномаҳои дигар дар зарфи 30 соли охир андешаронӣ намуданд. Инчунин мудири кафедраи назария ва таърихи забоншиносӣ, н.и.ф, дотсент Сулаймонов Искандар Одинаевич низ, яке аз сухангӯёни ин барнома буда, ҷиҳати пешрафти ҷомеаи навин, ки бунёди он аз хунрезии беамони гурӯҳи манфиатпеша бо заковати хоси сулҳофарии Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон асос ёфтааст, маърӯза намуд. Дар фарҷом   донишҷӯён аз аҳли нишаст, алалхусус,  бо устодони худ пиромуни вазъи ибтидоии даврони Истиқлолият саволу ҷавоб ва андешарониҳо намуданд.

Суратгузориш аз рафти ҷараёни он:

1.jpg - 64.88 Kb 2.jpg - 79.10 Kb 3.jpg - 47.73 Kb

4.jpg - 84.46 Kb 5.jpg - 66.54 Kb 6.jpg - 74.53 Kb

7.jpg - 66.32 Kb 8.jpg - 74.07 Kb 9.jpg - 78.89 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj