• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ЁДБУДИ АДИБИ ЗАБАРДАСТ ДАР

ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ

 

1.jpg - 27.07 Kb11 сентябри соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 110-солагии мавлуди нависандаи номвари тоҷик Сотим Улуғзода (1911-1997) мизи мудаввар бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, д.и.ф., профессор Шамсиддин Солеҳов дар мавзӯи “Мақоми Сотим Улуғзода дар фарҳангу адаби садаи ХХ” оғоз шуда, нақши ин абармардро дар густариши забону адабиёт, фарҳанг ва зинда намудани номи шахсиятҳои таърихӣ хело ҳам бориз арзёбӣ намуд. Инчунин Ш.Солеҳов афзуд, ки “дар эҷодиёти Сотим Улуғзода насри бадеӣ асосан баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеъ пайдо мекунад. Метавон гуфт, ки қариб ҳар як ҷавони тоҷик дар замони мактабхонӣ асарҳои мондагори Сотим Улуғзода ба мисли “Субҳи ҷавонии мо”, “Достонҳои Шоҳнома” ва “Ривояти суғдӣ”-ро хондааст”. Ҳамзамон дар идома, омӯзгорон, д.и.ф. Нурхон Гадоев, номзади илмҳои филологӣ Бахтиёр Раҳмонов ва муаллими калон Хуршед Исанов доир ба шахсият ва эҷодиёти нависанда Сотим Улуғзода маърӯза намуданд. Дар фарҷом барои боз ҳам ҷолиб сурат гирифтани чорабинӣ байни омӯзгорон ва донишҷӯён саволу ҷавоб доир гардида, инчунин роҷеъ ба ҳаёт ва рӯзгори ибратбахши Сотим Улуғзода филми мустанад намоиш дода шуд.

 

 

 

 

 

 

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

2.JPG - 170.60 Kb 3.JPG - 162.66 Kb 4.JPG - 130.72 Kb 5.JPG - 186.48 Kb

6.JPG - 128.18 Kb 7.JPG - 165.84 Kb 8.JPG - 178.28 Kb 9.JPG - 97.97 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj