• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

БО ҶАВОНОНИ ФАЪОЛИ ГУРӮҲИ "АВАНГАРД"

1.jpg - 46.88 KbСанаи 15-уми сентябри соли 2021 дар толори Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо  гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Дар оғози вохурӣ Вазири корҳои дохилӣ дар бораи вазъияти кунунии ҷаҳони имрӯза, нақши ҷавонон дар пешрафти кишвари азизамон ва шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротиву экстремистив ибрози андеша намуда, ҷавононро ба дуст доштани Ватан талқин намуданд. Дар рафти чорабини сардори РОПҲНҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб суханронӣ намуда, фаъолияти ҷавонони гурӯҳи "Авангард"-ро дар сатҳи баланд арзёби намуд. Инчунин аз аҳли толор низ бо пешниҳодҳову андешаҳои ҷолиб барои боз ҳам хубтару беҳтар фаолият намудан ва зиёд намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҳамсолон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ироа гардида, аз ҷониби муҳтарам вазир  хуб қабул шуданд.

 

Вохӯрии мазкур тариқи селекторӣ баргузор гардида ҷавонони фаъоли гурӯҳи "Авангард" аз шаҳру ноҳияҳо дар толорҳои РВКД дар минтақаҳо  иштирок доштанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҷавонони фаъоли Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ дар ин вохӯрии сатҳи баланд иштирок намуданд.

Ҳамин тариқ, бо фармоиши вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 592 аз 13.09.2021 барои хизматҳои софдилона, содиқона, ҳамкориҳои судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ зимни таъмину муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, интизоми намунавӣ, иштироки фаъолона дар ташкил ва баргузории Паради ҳарбӣ, инчунин ба муносибати таҷлили 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи ҷавонони"Авангард"-и донишгоҳ Абдураҳмонов Абдулхайр Суҳробхонович аз ҷониби вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо "Ифтихорномаи фахрӣ"-и вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Инчунин 15 нафар аъзоёни фаъоли гурӯҳи ҷавонони"Авангард"-и донишгоҳ низ бо "Раҳматнома"-и вазири корҳои дохилӣ ва 15 нафар духтарони фаъоли гурӯҳ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Суратгузориш аз рафти вохӯрӣ:

 

1.jpg - 46.88 Kb 2.jpg - 49.67 Kb 4.jpg - 104.02 Kb

5.jpg - 92.42 Kb 6.jpg - 95.76 Kb 7.jpg - 62.81 Kb

8.jpg - 95.97 Kb 11.jpg - 68.74 Kb 12.jpg - 56.05 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj