• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ВОХӮРИИ РЕКТОР БО ҶАВОНОНИ ФАЪОЛИ ГУРӮҲИ “АВАНГАРД”

11.jpg - 44.65 KbСубҳи 27.09.2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо ҷавонони фаъоли гурӯҳи “Авангард”-и донишгоҳ баргузор гардид. Ректори донишгоҳ зимни суханронии пурмуҳтавои хеш саҳми ҷавонони фаъоли донишгоҳро дар баргузории ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ ва берун аз он неку назаррас арзёбӣ намуда, миннатдории Раёсати донишгоҳро ба кулли ҷавонон расонид. Сипас, ба як қатор иштирокчиёни Паради ҳарбии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷавонони фаъоли гурӯҳи “Авангард” “Ифтихорномаи фахрӣ” ва “Раҳматнома” – ҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд. Инчунин ба иштирокчи фаъоли гурӯҳи мазкур аз ҷониби ректори донишгоҳ мукофотпулӣ тақдим карда шуд.

Дар фарҷом, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и донишгоҳ Абдулхайр Абдураҳмонов баромад намуда, минатдории кулли ҷавонони гурӯҳи “Авангард”-ро ба Раёсати донишгоҳ, ҷиҳати дастгириҳои ҳамаҷониба баён намуд.

Суратгузориш аз рафти вохӯрӣ:

 

1.jpg - 44.78 Kb 2.jpg - 45.58 Kb 3.jpg - 36.13 Kb 4.jpg - 46.20 Kb

5.jpg - 40.78 Kb 6.jpg - 42.14 Kb 7.jpg - 41.76 Kb 8.jpg - 40.69 Kb

9.jpg - 43.27 Kb 10.jpg - 43.64 Kb 12.jpg - 47.60 Kb 11.jpg - 44.65 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj