• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ПСИХОЛОГИЯ ВА

ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР АЗ ОСОРХОНАИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ

Санаи 30.09.2021 донишҷӯёни курси якуми ихтисоси психологияи иҷтимоии факултети психология ва таҳсилоти фарогири  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи  соати тарбиявӣ  бо роҳбарии омӯзгори кафедраи психология ва муносибатҳои оилаводагӣ Умарова Башира дидан намуданд. Маврид ба ёдоварист, ки донишҷӯёни сафарбаршуда, аз ҳаёт ва фаъолияти адиб, шоир, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ огаҳӣ пайдо намуданд. Ин  таъсирпазирӣ аз мушоҳидаҳои мутолианамудаи донишҷӯён  аз осори устод Садриддин Айнӣ, алалхусус, “Ёддоштҳо” –ӯ комилан фарқкунанда буд. Донишҷӯён бо чашми худ аз аксу мусаввараҳо, сару либос, афзори хонишу навишт, таҷҳизоти истифодашудаи дигари ин марди ҷоннисори фарҳангу тамаддун дидан намудаву аз он як ҷаҳон таассуроти неку хотирмон бардошт намуданд. Дар фарҷом донишҷӯён аз тасмимгириву мусоидатнамоии раёсати донишгоҳ, садорати факултет, мудири кафедра ва омӯзгори фанни мазкур изҳори сипос намуданд.

Суратгузориш аз рафти ҷараёни он:

 

14.jpg - 102.27 Kb 15.jpg - 117.63 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj