• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шуморо барои иштирок дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ ва рушди низоми маориф”, ки бахшида ба таҷлили ҷашни 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳ, ки рӯзҳои 26-27 ноябри соли 2021 дар толори бинои асосӣ баргузор мегардад, даъват менамояд.

Масъалаҳои асосии баррасишаванда:

-        Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ – нахуст мактаби олии ҷумҳурӣ;

-       Аз таърихи тайёр кардани мутахассисони соҳаи илм ва маориф

-       тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар замони истиқлол;

-       муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим;

-       мушкилоти фалсафӣ, иҷтимоӣ, психологию педагогӣ ва методии таҳсилоти муосир;

-       робитаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо муассисаҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи кишвар;

-       масъалаҳои мубрами рушди илмҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ ва гуманитарӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар;

-       масъалаҳои мубрами таълиму тарбия ва роҳҳои ҳалли он;

-       дурнамои рушди донишгоҳ;

Забонҳои кории конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Талабот барои пешниҳоди мавод

-       мақола қаблан нашрнашуда бошанд;

-       ҳаҷми мақола бояд на кам аз 5 ва на зиёда аз 15 саҳифа бошад;

-       мақола бояд бо ҳарфҳои муқаррарӣ, дар шакли электронӣ бо гарнитураҳои Times New Roman Tj, Times New Roman бо фосилаи  байнисатрии ягона (одинарный) ҳуруфчинӣ шуда бошад. Фосилаи сархат бояд якхела ва баробар ба 1,25 см. мутобиқат кунад;

-       андозаи ҳуруфи асосӣ бояд ба 14 баробар бошад;

-       рӯйхати адабиёти истифодашудае, ки муаллиф ба он такя мекунад, дар охири мақола оварда шавад;

-       иќтибосҳо дар ќафсҳои квадратӣ бо нишондоди раќами тартибии адабиёт ва саҳифа (масалан [2,с.42]) оварда шаванд;

-       ба расмҳо, тасвирҳо, диаграммаҳои замима шуда ном гузошта шавад;

-       муаллифон барои мазмуни мақола, инчунин саҳеҳ будани маълумоти дарҷгардида, ҳиссаи матнӣ (плагиат) масъул мебошанд.

Муҳлати охирини қабули мақолаҳо то 1 ноябри соли 2021

Суроға: 734003, Рудакӣ 121, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Раёсати илм ва инноватсия

Телефон барои тамос: (+992) 224 27 09, 938650083

Суроѓаи электронӣ: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj